Вебинар дар шаҳри Хуҷанд

[:tj]Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон» бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он ҳамкории босамари дерина дорад ва соли равон дар доираи Барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ чорабиниҳои мухталифро роҳандозӣ намуда истодааст, ки ба баланд бардоштани донишу малакаи кормандони мақомоти давлативу ғайридавлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамзамон мусоидат намудан ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла давоми моҳи октябр Марказ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила барои кормандони зерсохторҳои вазорати мазкур (Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷа) доир намудани вебинар дар мавзўи «Қонунгузории давлатҳои қабулкунанда дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ»-ро ба нақшагирифтааст.

19 октябр дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ вебинар гузаронида шуд. Дар рафти он давоми наздик ба ду соат коршинос  ва ҳуқуқшиноси Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Кирилл Шевченко (Федератсияи Русия, шаҳри Москва) Қонунҳои федералии Федератсияи Русия вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин давлатро шарҳ дод ва дар рафти он ба саволҳои иштирокчиёни чорабинӣ посух гуфт.

Ёдовар мешавем, ки дар толор ба ғайр аз кормандони дастгоҳи Раёсат намояндагони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов иштирок намуданд.

Ба иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ чор номгўй маводҳои иттилоотӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар дастрас гардид.

Дар ҷамъбаст аз номи онҳо  мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Сатторӣ ба Кирилл Шевченко ва ташкилкунандагони вебинар миннатдорӣ баён кард.

 

                                                                 Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо