Вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа

[:tj] 

 

Дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар байни аҳли ҷомеа паҳн намудани маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар фаъолияти сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират мавқеи муҳим дорад. Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру навоҳӣ бо ин мақсад аз оғози сол чунин маводҳои аз Хадамоти муҳоҷират дастрасшударо истифода бурда, ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ“ дар шаҳри Хуҷанд, дигар ниҳодҳои давлатию  ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва донорҳо вобаста ба таҳияву чоп ва дастрас намудани варақаю дастурамалҳо корҳои муайянро ба иҷро расонида истодаанд.

Аз ҷумла, моҳи май дар доираи ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо роҳнамои “Худ ва дигаронро аз сирояти “коронавирус” ҳифз намоед!” бо сифати баланд ва шакли ранга ба нашр расид. Дар ин маводи ташвиқотию тарғиботӣ қоидаю роҳҳои пешгирӣ аз бемории КОВИД – 19 ба таври содаву фаҳмо нишон дода, ҳамзамон рақами телефонҳои боварӣ ва тамос дарҷ гардидаанд. Ҳар нафари дилхоҳ, новобаста ба он, ки дар кадом минтақаи Тоҷикистон қарор дорад, имкон дорад дар мавриди пеш омадани зарурат озодона бо ин рақамҳо оид ба масоили вобаста ба бемории коронавирус муроҷиат намояд.

Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Диловар Муродов 2 ҳазор нусха ин маводи ташвиқотию тарғиботии ба Раёсат дастрасшуда дар байни шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои паҳн намудан тақсим гардид. Аз чоп баровардану паҳн намудани роҳнамои “Худ ва дигаронро аз сирояти “коронавирус” ҳифз намоед!” иқдоми охирин набуда, дар самти мазкур корбарӣ минбаъд ҳам идома меёбад.

 

                                                                                          Мардон ҚУРБОНОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо