Вобаста ба пешгирӣ аз бемории ВНМО

[:tj]Дар асоси вазифагузориҳои роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират айни замон дар ноҳияи Файзобод вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) корҳои фаҳмондадиҳӣ бо маром идома дорад. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ин самт ҳамкориро бо маркази минтақавии тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ҷомеа ба роҳ мондаанд, ки самараи нек дода истодааст.

Чанде пеш ҳамин гуна чорабинии маърифатӣ – иттилоотиро бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия доир кард. Чорабинӣ бо ҷалби 85 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо ва фаъолони ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Дубеда доир гардид.

Вобаста ба мавзўъ дар назди аҳли толор мудири бахш М. Рашидова муфассал сухан ронда, ҳамзамон аҳли толорро бо матни муроҷиатномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос кард.

Қабл аз ҷамъбасти мулоқот ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас карда шуд.

 

                                                                                            Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо