Вохўрии навбатӣ дар ҷамоати деҳоти Ҷиргатол

[:tj]Вохўрии навбатие, ки дар ҷамоати деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш  доир гардид, ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа вобаста ба пешгириву муқовимат бо падидаҳои номатлуб бахшида шуд.

Дар чорабинӣ асосан кормандони масъули ҷамоат, раисони кумитаҳои маҳаллаи ҳудуди ҷамоат, ҷавонону фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Лахш вобаста ба муҳоҷирати бехатар, муқовимат бо коррупсия ва терроризму экстремизм, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО, созишномаҳои байни ҳукуматии миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон ибрози назар намуд ва аз муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони бе касбу бешуғл даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳо ҳунар омўзанд.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 120 нафар сокинони ҷамоат иштирок намуданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия мутобиқи нақшаи корӣ гузаронида мешавад.

                                                                                              Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо