Вохўрӣ ва сўҳбатҳои муфид бо муҳоҷирони меҳнатӣ

[:tj]Кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе» бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳангоми сафар ва бозгашти онҳо вохўрӣ ва сўҳбатҳо ташкил менамоянд.

Ҳангоми вохўрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ёддоштҳо оид ба қонунгузории Федератсияи Русия, донистани забони давлатии қабулкунанда, касб, урфу оини онҳо суҳбатҳо ороста мешаванд. Инчунин, дар толори интизории фурудгоҳ ҳангоми сафар фитаҳои таблиғотии «Пеш аз сафар бидон» намоиш дода мешавад. Ин амал мунтазам гузаронида шуда, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ба роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати мкҳнат, муҳоҷиратва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур карда мешавад.

Боят тазаккур дод, ки кормандони Шуъба дар фурудгоҳ ҳамарўза ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳури оид ба ҳолатҳои будубош, касбомузи, забондонӣ ва дигар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ вохўриҳо ва пурсишҳо мегузаронанд. Дар ҷараёни он бо муҳоҷирони меҳнатӣ бештар оид ба доштани касбу ихтисос ва забондонии онҳо, ҳамроҳ нашудн ба гурўҳҳои экстремистию ифродгаро  таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Ба ғайр аз ин, барои кўмак ва ёрии амалӣ расонидан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ буклетҳо, овезаҳова тағйиру иловаҳо оид ба қонунгузории Федератсияи Русия маълумот пешкаш карда, инчунин телефонҳои боварӣ шабонарузӣ фаъолият менамояд.

                                                                      Исмоил Бегаков

сармутахассиси Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳибайналмилалии Душанбе»  ва «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ш. Душанбе.                                                                                                                                                

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо