Вохӯрии вакилони халқ бо интихобкунандагон

[:tj] 

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ва дар умум сокинони вилоят доир шудаистодааст.       Мақсади асосӣ аз ин чорабиниҳо ташвиқу тарғиби сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, бохабар шудан аз ҳолу аҳвол ва шунидани дархосту пешниҳоди аҳли ҷомеа, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, даъват ба бунёдкорию созандагӣ ва шиносоӣ бо рафти омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи 12 сентябр ҳамингуна мулоқот бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагон Зуфар Исмоилзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Сулаймон Зиёзода дар толорҳои ҷамъияти матлуботи ноҳия ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраки Ғончӣ ва Муҷун вохӯрӣ доир гардид. Ҳамагӣ дар ин ду чорабинӣ беш аз 250 нафар шаҳрвандони гуногун касбу гуногун вазифа, ки як қисмашон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо буданд,  иштирок карданд.

Қобили зикр аст, ки дар рафти ҳарду мулоқот ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ВНМО, савдои одамону истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба таври васеъ муҳокима шуданд.

Перомуни мавзӯи муҳоҷирати бехатар мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова муфассал суханронӣ намуда, баъдан ба саволҳо иширкатдоштагон посух дод.

Ҳамингуна чорабинӣ рӯзи 13 сентябр дар толори МТМУ №17 Ҷамоати деҳоти Яхтан ва маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Ғазантарак гузаронида шуданд. Бо зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон вакили Маҷлиси намояндагон Аҳмадҷон Қобилов дар ҳамроҳӣ бо муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода вохӯрданд. Зимни суханрониҳо ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла қишрҳои осебпазир дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич Санавбар Баҳодурова дар ҳарду мулоқот иштирок ва вобаста ба муҳоҷирати бехатару муқовимат бо хатарҳои ҷаҳони муосир суханронӣ намуд.

Дар рафти суҳбат ва саволу ҷавоби озоде, ки дар поёнии ҳар чорабинӣ доир шуд, иштирокчиён аз сафари кори қарибулвуқӯи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Деваштич, мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти таиноти гуногун ва оғози расмӣ бахшидан ба бунёдкорию созандагиҳои минбаъда ёдовар шуданд ва ба унвони Ҷаноби Олӣ миннатдорӣ баён карданд. Таъкид шуд, ки мардуми ноҳияи Деваштич аз азал меҳнатқарину ватанпарвар ҳастанд, ободкориро дӯст медоранд ва ҷиҳати бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳди бештар мекунанд.

 

                                                                                    Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо