Вохӯрии раиси ноҳия бо муҳоҷирон

[:tj] 

6 феврали соли равон раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рўзӣ бо мақсади омўзиши рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштани солҳои 2019-2021 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, №530 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» бо муҳоҷирони дохилии ноҳияҳои Айнӣ, Кўҳистони Мастчоҳ ва Деваштиҷ, ки дар Ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ истиқомат мекунанд, вохўрӣ доир намуд. Дар мулоқот бо муҳоҷирон ҳамзамон сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, масъулини ҷамоат ва роҳбарони ташкилоту идораҳои хизматрасон иштирок доштанд.

Раиси ноҳия зимни суханронии ифтитоҳиаш аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин вобаста ба масъалаи таъминоти муҳоҷирон бо оби  полезию нўшокӣ ва нерўи барқ, таъмиру тармими мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳои дохилӣ ва сохтмону навсозии дигар иншотҳои инфрасохтори деҳот андешаҳои худро баён кард.

Амини маҳалла Акрамова У., муҳоҷирон Абдуллоева З., Холов Н., Шарифов М., ва дигарон мушкилоту муаммоҳои ҷойдоштаро номбар намуда, аз роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо ва бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷойдошта кўмак пурсиданд.

Раиси ноҳия Ашурзода Р.Р. ба роҳбарони кумитаи заминсозӣ Илҳомзода Х., идораи барқ Мавлонов Х., беҳдошти замин ва обёрӣ Мансуров И., ба истифодадиҳии роҳҳо Шодмонов К., шуъбаҳои маориф Ниёзқулова Д., тандурустӣ Сангинов З., сармеъмор Шодмонов И., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Турсунов И., раиси Ҷамоати деҳоти Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳмонзода Н. оид фароҳам овардани шароити зарурӣ барои муҳоҷирон, аз ҷумла таъмин намудани онҳо бо оби нўшокию полезӣ ва қувваи барқ, ҷудо намудани замин барои кишти зироатҳои кишоварзӣ, бунёди мактаб, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва сохтмони кўпрук дар болои сойи деҳа супоришҳои мушаххас дод.

                                                                                          Мардон ҚУРБОНОВ

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо