Вохӯрии судманд дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Абдулвосиев

[:tj] 

 

Тибқи дастуру супоришҳои Сардори Хадамоти муҳоҷират бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат якҷоя бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати тадбирҳои иловагӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” (COVID-19) дар ҳудуди ҷамоату деҳоти шаҳр ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо усулҳои “Хона ба хона”, “Рӯ ба рӯ” миёни сокинони шаҳри Ваҳдат корҳои таблиғотӣ идома дорад.

Ҳамзамон, бахши Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиев бо сокинон корҳои таблиғотӣ гузаронид.

Дар вохӯрӣ бо сокинон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бе ниқоб гаштугузор накардан, риоя намудани масофа ва қоидаҳои гигиению санитарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва баҳри риояи меъёрҳои муқарраргардида, оид ба баргузории тӯю маъракаҳо ҳамарӯза корбарӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуд.

Инчунин, дар ҳамоиш бо сокинони шаҳру ноҳияи Ваҳдат, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия ва тағйироту иловаҳо дар қонунгузории федералӣ оид бақайдгирии муҳоҷирони хориҷӣ, шарҳу тавзеҳи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, паҳншавии эҳтимолии вируси сироятии “Коронавирус” (COVID-19) ва ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), роҳои пешгирӣ ва безараргардонии онро хуб ба роҳ мондааст.

Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қарор дорад.

 

                                                                        Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар шаҳри Ваҳдат[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо