Вохӯрӣ бо директори генералии ширкати сементбарорӣ

[:tj] 

7 сентябр Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд З. Шарифӣ бо директори генералии ҶДММ «Хуаксин Ғаюр (Суғд) семент» Лю Хунчао сӯҳбати корӣ анҷом дод.

Дар оғози сӯҳбат ҷонибҳо аз ҳамкории босамар ва сол то сол тақвият ёфтани он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сардори Раёсат барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони маҳаллӣ изҳори сипос намуда, дархост кард, ки дар мавриди ба кор қабул намудан таносуби 80 бар 20 ҳатман риоя гардад. Бо ибораи дигар дар ин маврид диққати аввалиндараҷа ба мутахассисони маҳаллӣ равона карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Хуаксин Ғаюр (Суғд) семент» ҳамасола дар маъракаи обуна ба нашрияи «Шуғл ва муҳоҷират» пешқадамӣ зоҳир менамояд. Дар рафти мулоқоти Лю Хунчао бо Сардори Раёсат дар баробари масъалаи таъмини риояи қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ин масъала низ баррасӣ гардид.

Дар интиҳои сӯҳбат Сардори Раёсат барои ҳамкории босамар ба Лю Хунчао сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.

 

                                                              Раёсати ХМ дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо