Вохӯрӣ бо намояндаи СБМ

[:tj] 

13 март муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидасрор Саидов намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) хонум Сара Харисро ба ҳузур пазируфт. 

Тарафҳо доир ба масъалаҳои марбут ба марҳилаи анҷомёбии  лоиҳаи СБМ таҳти унвони «Ҳамгироӣ, устуворӣ ва беҳсозии Тоҷикистону Афғонистон» мубодилаи афкор намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи мазкур, ки аз соли 2016 инҷониб, бо маблағгузории Ҳукумати Британияи Кабир дар ҳаҷми 3,6 млн. фунт тавассути СБМ дар шарикӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи он ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳалӣ дар 17 ноҳияҳои бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаммарзи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон татбиқ карда мешавад.

Зимни мулоқот тарафҳо аз амалӣ гаштани ҳадафҳои пешбинӣ намудаи лоиҳа, ки асосан аз додани грантҳои хурд ба 146 нафар муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо бо мақсади таъсис додани ҷойҳои корӣ, бо давраҳои омӯзишӣ фаро гирифтани беш аз ду ҳазор нафар муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, иштироки шаш ҳазор нафар муҳоҷири бозгашта дар сессияҳои реинтегратсионӣ ва тақвияти иқтидори касбии кормандони сохторҳои минтақавии Хадамоти муҳоҷират иборат буданд, ибрози қаноатмандӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, ки дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаҳои нав дар самти муҳоҷират тавсеа ва рушд хоҳанд ёфт.

 

                                                                                              Анвар ЮСУПОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо