Вохӯрӣ бо тоҷикони шаҳри Великий Новгород

Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳавзаи Шимолу Ғарби Федератсияи Россия дар шаҳри Великий Новгород бо муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқими минтақа ва соҳибкорони муваффақи тоҷик вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ бо ҳамватанон расмикунонии будубош дар давлати иқомат, расман ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан ва риояи қоидаҳои будубош ба масъалаи асосӣ маҳсуб буданд.

Зикр гардид, ки риояи қоидаҳои муайяншуда ва расмикунонӣ дар давлати иқомат имконияти фаъолияти озодӣ меҳнатӣ ва шароити арзандаи зиндагиро барои ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ фароҳам меоварад. Зарур аст, ки то муҳлати муайяннамудаи давлати иқомат дар идораҳои мақомоти давлатии Федератсияи Россия худ ва наздиконамонро расман ба қайд гирифта, ба фаъолияти расмии меҳнатӣ шуғл варзем.

Дар идомаи вохӯрӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳар куҷое, ки набошем бояд аз миллату давлат ва таъриху фарҳанги миллати хеш ифтихор намоем ва тавонем, ки арзишҳои милливу давлатии худро дар миёни халқҳои гуногуни Федератсияи Россия муаррифӣ намоем.

Ҳамзамон, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 -2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои тоҷикнишин дар давлати иқомат месазад, ки модарону хоҳарони мо барои фарзандони тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ анъанаҳои миллиро омӯзонида, дар арафаи ҷашнҳои миллӣ дастовардҳои худро барои муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ ба марази намоиш гузоранд.


Дар аснои вохӯрӣ, инчунин ба муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқимӣ барои пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳои ифротгароиву иртиҷоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд ва ба ҳар роҳу восита шаҳрвандони мамлакатро ба доми фиреб меандозанд ёдоварӣ намуда, иброз гардид, ки аз онҳо канораҷӯӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки шаҳри Великий Новгород яке аз субъектҳои ҳавзаи федеролии Шимолу Ғарбии Россия ба шумор рафта, дар ин шаҳр ва гирду атрофи он зиёда аз 2000 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кору иқомат менамоянд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо