ВОХӮРӢ ПЕШ АЗ ГУСЕЛИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

[:tj]Дар ҳамкорӣ бо терминалҳои нақлиётӣ ташкил намудани мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  соли сипаришуда ба ҳукми анъана даромада буд. Дар саристгоҳи шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи «Роҳи Абрешим» дар рӯзи гусел марказҳои сайёри маълумотдиҳию хизматрасонӣ ташкил намуда, Раёсат дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақсимоти маводҳои ташвиқотию тарғиботиро низ ба роҳ мемонад.

Бо назардошти оғоз шудани муҳоҷирати меҳнатии оммавии шаҳрвандон, Раёсат тасмим гирифт, ки анъанаи мазкурро соли равон ҳам давом диҳад. Дар мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки 30 май бо иштироки кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдураҳим Назаров ва Парвиз Пиров дар истгоҳи «Роҳи Абрешим» қабл аз сафар доир гардид ва соли равон аввалин мулоқот дар терминали нақлиётии мазкур ба ҳисоб меравад, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд низ саҳми худро гузошт. Дар ин чорабинӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Рустам Ҷамолов ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷандро мутахассиси пешбар Имомҳасан Тӯраев намояндагӣ карданд.

Дар ин рӯз аз истгоҳи «Роҳи Абрешим» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи Абрешим» 49 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва ду нафар ноболиғон дар ҳамроҳӣ бо волидонашон ба Федератсияи Русия сафарбар шуданд. Аз ташвиқоту тарғибот вобаста ба муҳоҷирати бехатар на танҳо онҳо, балки нафарони ба гуселашон баромада ҳам баҳраманд шуданд.

Ба ҳамаи нафарони дар мулоқот иштироккарда, ки шумораашон наздик ба 70 нафар буд, маводи иттилоотии «Патент гир, қонунӣ кор кун!» дастрас гардид.

Зимни суханрониҳояшон Рустам Ҷамолов ва Имомҳасан Тураев ҳозиринро аз хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм бохабар сохта, муҳоҷирони меҳнатиро ба ҳушёрии сиёсӣ, наафтодан ба доми фиребу найранги бадхоҳону душманони миллат ва напайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро даъват намуданд.

Ҳамаи муҳоҷирони меҳнатии сафарбаргардида коргар буданд ва қаблан ҳам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Аз ҷумлаи онҳо Ҳамид Назарзода иттилоъ дод, ки дар ёфтани ҷои истиқоматӣ ҷои кор, бақайдгузории ҳуҷҷатҳо ва расмикунонии муҳоҷирати меҳнатиашон ба қадри кофӣ таҷриба ҳосил кардаанд ва аз ин ҷиҳат хотирҷамъ ҳастанд. Бинобар ин, муҳлати муҳоҷирати меҳнатиашон тибқи нақша як сол мебошад.

ҶДММ «Роҳи Абрешим» муҳоҷирони меҳнатиро тавассути нақлиёти автомобилӣ бо воситаи қаламрави Ҷумҳурии ӯзбекистон то шаҳри Новосибирски Федератсия Русия мерасонад. Дарёфти ҷойи кору истиқомат, расмикунонии муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани иҷозат ба кору патент ва дигар расмиётҳо ба зиммаи худи муҳоҷирон вогузор аст.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои зертобеъ то интиҳои сол  дар истгоҳи роҳи оҳан, саристгоҳи шаҳри Хуҷанд, истгоҳи «Роҳи Абрешим» ва дигар терминалҳои нақлиётӣ ҳамин гуна чорабиниҳои иттилоотӣ маърифатиро ба роҳ монад.

 

                                                                          Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                             дар вилояти Суғд

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо