Вусъати корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ

[:tj]Ҳамарӯза дар шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти  муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо шаҳрвандон – сокинони пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Зимни мулоқот ба ҳар як иштирокчиён оид ба талаботи нави қонунҳои Федератсияи Россия, тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар  муҳлатҳои  муқаррар гардида ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо барои гирифтани  патент ба Сарраёсати  Вазорати  корҳои дохилии  Федератсияи  Россия  барои  масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ,  баъди бозгашт аз кишвари Россия, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятии сил ва ВНМО, зарурати ҳатми будани ташхиси тиббӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми мулоқотҳо бо иштирокчиён буклетҳо бо номгӯи «Бемории сил», «Патен гир қонунӣ кор кун», «Мо бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ», рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» тақсим карда дода шуд.

                                                                        Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар шаҳри Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо