Гардиши хона ба хона идома дорад

[:tj] 

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷираи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ва ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  гурўҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳия Нуруллозода Г., мудири бахши кор бо занон ва оила Аҳмадҷонова З., мудири бахши Хадамоти муҳоҷират  Баҳодурова С., котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кўдак Ёқубова М., мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Файззода Л., сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Туйчиев К., сармутахасиси бахш оид ба дин, танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо Иброҳимова З. ва сармуҳаррири  рўзномаи “Набзи Деваштич” Ҷамолова М. дар Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терорризму экстремизм, зўроварӣ дар оила, даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ва суиқасд ба он, бемориҳои сироятӣ, муҳоҷирати бехатар ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират”, «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гардиши хона ба хонаро роҳандозӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки ин гуна чорабинӣ аз ин пештар дар як қатор ҷамоатҳои деҳоти минтақаи Калининобод ба роҳ монда шуда буд.

Аъзои гурўҳи корӣ дар деҳаҳои Дархон, Хўҷаҳо, Сурхоб, Сурхобча, Сумбулканд ва Калъаи Ҳоҷӣ  ба 29 оила ташриф оварда, оид ба масъалаҳои зикргардида суҳбат карданд ва корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурданд.

Ҳамчунин аъзои гурўҳи корӣ ҳамроҳи раисони маҳаллаҳо дар деҳаҳои Сурхоб, Сурхобча ва Сумбулканд бо зиёда аз 45 нафар занону бонувон аз оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот намуданд.

Гардиши хона ба хона, ки дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ баргузор карда шуд, дар сатҳи баланд, фазои якдигарфаҳмӣ ва ошкоро сурат гирифт.

Чунин вохўриву мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ дар асоси ҷадвали тасдиқшуда гузаронида мешаванд. Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич минбаъд ҳам барои хубтару босамартар ҷараён гирифтани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ аз чунин усул истифода хоҳад кард.

 

                                                                    Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                       дар ноҳияи Деваштич       [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо