Гузориш аз вилояти Суғд

[:tj]Дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2018, №60-СХ санаи 10-уми декабр гурўҳи корӣ дар ҳайати мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов, сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва эколгии Хадамоти муҳоҷират Нурулло Назаров ва муовини директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа» дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Қаландарзода ба фаъолият оғоз намуд. Тибқи нақша гуҳи корӣ дар давоми ҳафта фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳоро мавриди омўзишу санҷиш қарор дода, барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта кўмаки амалию методӣ расонид.

Ба таври мушаххас аъзои гурўҳи корӣ бо вазъи кунунии корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, банақшагирии фаъолияти корӣ, таҳияи нақшаи чорабиниҳо ва таъмини иҷрои он, омодасозии ҳисоботу гузориш ва маълумотномаҳо, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти қудратӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ҷараёни коргузорӣ тибқи талаботи «Дастурамали коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ» ва ҷараёни дарсҳои омўзишӣ, танзими раванди муҳоҷирати дохилию экологӣ аз наздик шинос шуда, ҳамзамон ба сатҳи забондонию малакаи бо компютер кор кардани кормандон, тарзи либоспўшӣ, риояи қоидаҳои одоби хизматчии давлатӣ ва интизоми меҳнат аз ҷониби онҳо эътибори махсус доданд.

Дар санаи болозикр фаъолияти гурўҳ аз мулоқоти кўтоҳ бо кормандони дастгоҳи Раёсат, боздид аз утоқҳои корӣ ва шиносоӣ бо шароити меҳнату истироҳати онҳо оғоз ёфт. Баъдан аъзои гурўҳ вазъи кунунии корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, банақшагирии фаъолияти корӣ ва ҷараёни дарсҳои омўзиширо мавриди омўзишу санҷиш қарор доданд. Дар рафти кор шумораи мулоқоту вохўриҳои доиргардида, миқдори иштирокчиён ва маводҳои ташвиқотию тарғиботии ба онҳо тақсимкардашуда, мавзўи чорабиниҳо, мавҷудияти протокол, навору аксҳо ба инобат гирифта, тавсия дода шуд, ки минбаъд маълумотномаю ҳисоботҳо оид ба корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ ба таври муқоисавӣ нисбат ба давраи муайяни соли гузашта таҳия шаванд. Ҳамзамон зимни санҷиши ҷараёни дарсҳои омўзишӣ барои сифатан боз ҳам беҳтар шудани машғулиятҳо аъзои гурўҳи корӣ дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд ва намунаи нақшаи кор ва чорабиниҳои мухталифро тибқи талаботи Дастурамали коргузорӣ барои минбаъд аз рўи он таҳия кардани нақшаҳо пешниҳод намуданд.

Ташрифи гурўҳи корӣ ба арафаи фарорасии Рўзи байналмилалии муҳоҷир рост омад. Ёдовар мешавем, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дигар ниҳодҳои ҳамкор бахшида ба ин ҷашн ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳоро ба нақша гирифтаанд.

Чорабинии нахустини ин силсила бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 10-уми декабр дар қасри «Истиқлол»-и шаҳри Гулистон бо ширкати аъзои гурўҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ба ин чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ 260 нафар шаҳрвандони гуногункасб ва гуногунсол, аз ҷумла кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку маҳаллаҳо, ҳунармандону косибон, омўзгорону донишҷўён, фаъолон, намояндагони васоити ахбори омма, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо аз шаҳри Гулистон, шаҳракҳои Сирдарё, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисору Навгарзан даъват шуда буданд.

Қабл аз оғози мулоқот аъзои гурўҳи корӣ ва дигар меҳмонону шахсони даъватшуда намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандони маҳаллиро тамошо карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Гулистон филиали Муассисаи давлатии «Маркази касбомўзӣ»-и шаҳри Душанбе амал менамояд ва ҳар нафари хоҳишманд метавонад дар он ҷо асрори касбу ҳунарҳои мардумиро омўзад.

Омўзиш ва эҳёи суннатҳои аҷдодии оҳангарӣ дар шаҳраки Навгарзан бештар ба назар мерасад. Намунаи асбобҳои сохтаи оҳангарони навгарзанӣ аз қабили кафгир, болға, мехкашак, дос, каланд, бел, шоха, теша, табар, зоғнўл, наъл, ҳалқаи дар, оташков ва ғайра як гўшаи намоишгоҳро зеб медод. Ёд додани ҳунари атласу адрасбофӣ бошад, дар шаҳраки Сирдарё хуб ба роҳ монда шудааст. Дар маркази хурди касбомўзии шаҳрак бо истифода аз чор дастгоҳ асосан занону духтарон ин касбро омўхта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳраки Чоруқдаррон ба бофандагӣ маҳз маъюбон ҷалб гардидаанд. Дар намоишгоҳ ба ғайр аз намунаи атласу адрас, болишт, чойникпўш, сумкаҳои занона, бозичаҳои бачагона ва дигар ашёи оришии аз матоъ ва қуроқ дўхташуда чанд намунаи рўймол, гарданбанд, попўшу дастпўшак, нимтанаю яктаҳ ва доманҳои бофтаи ҳунарманди наврас Шаҳло Ҷўраева низ гузошта шуда буд. Масъулини намоишгоҳ иброз доштанд, ки дар ҷамъбасти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳунару маҳорати ў баҳои баланд дод ва Шаҳло Ҷўраеваро бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ қадршиносӣ кард.

Мулоқот бо шаҳрвандонро сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, ҳайати гурўҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов дар маърўзаи худ оид ба дастоварду пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, иқдому ташаббусҳои ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави кор ва паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, натиҷаҳои авфи муҳоҷиратӣ дар соли 2017, дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот дода, мавриди истифода қарор гирифтани агрегати нахустини Нерўгоҳи барқи обии Роғунро ба ҳамагон табрик гуфт.

Дар идомаи суханронӣ таъқид гардид, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари ҷиҳатҳои мусбат ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Тавассути ташкили чунин вохўрию мулоқотҳо бо аҳолӣ аҳли ҷомеа бояд аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва ҷиҳатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ огоҳонида шаванд. Ҳалли масъалаву муаммоҳои доғи рўз ҳамдастӣ ва муттаҳидии аҳли ҷомеаро тақозо менамоянд. Ба ҳайси мушовир ва намояндаи Хадамоти муҳоҷират дар ҷамъбасти суханронӣ Элмурод Саидович иштирокчиёнро ба худшиносию худогоҳӣ, дўст доштани Ватан, кўшиши дастҷамъона дар роҳи ҳалли муаммою масъалаҳои ҷойдошта вобаста ба танзими муҳоҷират ва рушди созандагию бунёдкорӣ даъват кард.

Баъдан сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ вобаста ба вазъи муҳоҷират дар вилоят зикр намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрўз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират амал мекунанд ва дар самти ҳалли мушкилоту муаммоҳои соҳа ҳамкории босамарро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мондаанд. Бо истифода аз фурсат номбурда барои дастгирӣ ва мусоидат ба ташкили чунин як чорабинии хотирмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсан раиси шаҳри Гулистон миннатдорӣ баён кард.

Намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии «Бирҷаи меҳнати ҷавонони Тоҷикистон» Мирзо Абдуллоев қайд кард, ки ҳамасола теъдоди муайяни сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо кор таъмин карда истодаанд. Айни замон як гурўҳи 30-нафараи муҳоҷирони меҳнатӣ барои сафарбаркунӣ омода ҳастанд ва рўзҳои наздик муташаккилона ба Федератсияи Русия гусел карда мешаванд. Дар интиҳои суханрониаш мавсуф сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷиратро ба ҳамкории босамар даъват намуд.

Баъд аз шунидани маърўзаҳо вобаста ба муҳоҷирати бехатар миёни иштирокчиён ва ҳайати гурўҳи корӣ мусоҳиба ва саволу ҷавоби озод баргузор гардид.

11-уми декабр бо роҳнамоии сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ гурўҳи корӣ ба шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Бояд гуфт, ки шуъбаи мазкур дар миқёси вилояти Суғд яке аз сохторҳои пешқадам ва намунавии зертобеи Хадамоти муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Дар шуъба таҳти сарварии Манзурат Саторова се нафар мутахассисон фаъолият мебаранд ва он бо утоқҳои кории муҷаҳҳаз таъмин мебошад.

Аъзои гурўҳи корӣ баъди шиносоӣ бо кормандон ва шароити корӣ аз рўи саволномаи тасдиқгардида ҳама самтҳои фаъолияти шуъбаро мавриди санҷиш қарор доданд. Махсусан ба коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ тибқи дастурамал, аз ҷумла таҳияи нақшаву маълумот, гузоришу ҳисобот, протоколи чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ, нигоҳдории аксу наворҳо ва маводҳои чопӣ вобаста ба чунин чорабиниҳои доиргардида, бақайдгирии ҳуҷҷатҳои воридотиву содиротӣ, фаъолияти мањзани маълумотдиҳӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳамкорӣ бо сохторҳои зертобеи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кумитаҳои маҳалла, кор бо муҳоҷирони берункардашуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати экологӣ ва дигар самтҳои кор эътибор дода шуд.

Аъзои гурўҳи корӣ дар мавриди ошкор гардидани баъзе камбудию норасоиҳо роҳҳои ислоҳи саривақтиашонро нишон дода, дар умум фаъолияти шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷандро хуб баҳогузорӣ карданд.

10-и ҳамин рўз чорабинии вилоятӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр бо иштироки наздик ба 500 нафар шаҳрвандон доир шуд.

Муовини раиси шаҳр Ҷамшед Абдуқайюмзода сараввал аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсан аз номи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳайати гурўҳи корӣ ва иштирокчиёни чорабинии фарҳангиро хайрамақдам гуфта, барояшон сарсабзию хонаободӣ таманно намуд. Сониян таъкид кард, ки чорабинии фарҳангии имрўза бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир самараи неки ҳамкории миёни сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути бунёди коргоҳҳо ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, танзими масълаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар маркази диққати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор доранд. Натиҷаи тадбирҳои андешида буд, ки солҳои охир муҳоҷирати меҳнатии сокинони шаҳр рў ба пастравӣ овард.

Соли равон ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон дар вилояти Суғд ҳам 1300 рўзи ободонию бунёдкорӣ эълон шуд. Давоми се соли оянда, дар доираи татбиқи чорабиниҳои ҷашнии ба нақша гирифташуда дар шаҳри Хуҷанд созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза гирифта, даҳҳо иншооти таиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои нав сохта мешаванд ва ба ин васила ҷойҳои нави кор ба вуҷуд меоянд. Албатта, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар канор намеистанд, бо дарки масъулият ва ифтихори ватандорӣ дар раванди бунёдкорию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи худро дар татбиқи нақшаву иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли толор суханронии мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов, мушовири калони Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Мирпочоева ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифиро бо мароқи том шуниданд.

Суханронии Элмурод Турсунов бештар ба мавзўи касбу забономўзӣ, омодагии ҳамаҷиҳата ба фаъолияти меҳнатӣ, муҳоҷирати бехатар, мубориза бо бемориҳои сироятӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, огоҳ намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо аз хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷалби диққати аҳли ҷомеа ба ҳалли масоили вобаста ба муҳоҷират, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, дарёфти роҳҳои нави паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, расидан ба қадри волидону наздикони худ, сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ, дўст доштани диёри аҷдодӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан, сарҷамъӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рабт дошт.

Мушовири калони Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Мирпочоева баён дошт, ки дар замони хатарзои ҷаҳонишавии давлатҳо ва тамаддунҳо яке аз омилҳои асосӣ барои таъмини рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ, муттаҳидӣ ва ҳамдиливу ҳамгироӣ мебошад. Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар давоми мавҷудияти худ на танҳо сокинони Ватани соҳибистиқлоламонро баҳам овард, балки тавонист саъю талоши тамоми нерўҳои тараққихоҳи кишварро тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти ободонию созандагӣ равона намояд.

Шўрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон саҳмгузорӣ дар ҳалли муаммову мушкилоти соҳаи муҳоҷиратро як самти фаъолияти худ медонад ва дар такя ба нерўи созандаи аъзоёни ҳаракат минбаъд низ дар ин самт корбарӣ мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ барои фаъолияти пурсамар ва ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас сардорони шуъба ва мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова, дар шаҳри Гулистон Фирўз Ҳодиев, дар шаҳри Бўстон Санҷар Сатторзода, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умед Султонов ва намояндаи рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» дар вилояти Суғд Мардон Қурбонов бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд қадршиносӣ шуданд. Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравиро ба онҳо Элмурод Турсунов ва Мавҷуда Мирпочоева супориданд. Бо ҳамин қисмати расмии чорабинӣ ба охир расид.

Дар қисмати дуюм, ки фарҳангӣ буд, ҳунармандони шинохта ва ситораҳои санъати вилоят Саидқодир Ёқубов, Носирҷон Раҳимов, Ҳасани Камол, бародарон Ҳилолиддин ва Аловиддин Шамсиевҳо, Нозимҷон Раҳимов, чанд нафар мутрибону овозхонҳои ҷавон ва раққосаҳои наврас табъи аҳли толорро болида сохтанд.

Дар фарҷом сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ барои дастгирӣ ва ташкили чунин чорабинии ҷашнии хотирмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсан раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва аҳли фарҳангу ҳунар миннатдорӣ баён кард.

Нимаи дуюми рўзи 11-уми ноябр гурўҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи Зафаробод Р. Ашўрзода вохўрда, масоили вобаста ба муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, аз ҷумла вазъи тақсимоти қитъаҳои замин, дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва баргардонидани қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон ба охиррасида, бунёди манзил ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ, маскуншавии муҳоҷирон дар манзилҳои нави зист ва рафъи камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуданд. Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Зафаробод ягона ноҳияи қабулкунандаи муҳоҷирони дохилию экологӣ дар вилояти Суғд мебошад.

12 декабр дар истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд, воқеъ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аксияи навбатии муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ бо иштироки гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират доир гардид. Ҳар ҳафта дар рўзи чоршанбе қатораи хатсайри «Хуҷанд – Москва» аз ҳамин истгоҳ ба роҳ мебарояд ва аксияи болозикр дар ҳамин рўз гузаронида шуд.

Чорабиниро сардори Раёсати Хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки он дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришу вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузаронида мешавад. Соли равон ин сеюмин аксияи муштараки Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» дар истгоҳи роҳи оҳан мебошад.

Мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов ташкили аксияро дар самти баланд бардоштани маърифати тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории ВНМО муҳим арзёбӣ карда, бо таассуф изҳор дошт, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда айни замон шумораи гирифторони ин вабои аср дар кишварамон ба беш аз 8 ҳазор нафар мерасад. Ҳамзамон изҳори умед намуд, ки иштирокчиёни чорабинии мазкур баъди гирифтани маслиҳатҳои муфид ва мутолиаи маводҳои ташвиқотию тарғиботии ба онҳо ройгон дастрасгардида наздикону пайвандонашонро аз хатарҳои бемории ВНМО огоҳ менамоянд.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа» дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Қаландарзода зимни суханрониаш баён дошт, ки маҳз ба хотири омода намудани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониши онҳо ва тақвият бахшидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ҳоло дар 10 шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои давлатии марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият менамоянд.

Дар идома мавсуф муҳоҷирони меҳнатии сафаркунанда, ва дар умум кулли муҳоҷиронро ба пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим, риоя намудани меъёрҳои қонунгузории давлатҳои қабулкунанда, омўзиши забон ва касбу ҳунар, нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро даъват кард.

Дар умум 80 нафар сафаркунандагон ба аксия ташриф оварда, баъди аз ҷониби ташкилкунандагон ва мутахассисон оид ба муҳоҷирати бехатар дастуру маслиҳат додан ба онҳо иборат аз 7 номгўй дастурамалу маводҳои иттилоотӣ ба таври ройгон дастрас гардид. Аз байни онҳо зиёда аз 30 нафарашон бо хоҳиши худ аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаштанд ва ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуд.

Нимаи дуюми рўз дар маркази омўзишии муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд бо иштироки гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират дарси кушоди тарбиявии намунавӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар доир гардид. Чуноне ки сарвари муассиса Нурулло Нурматов иброз дошт, мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин дарс фаҳмонидани ҷиҳатҳои мусбату манфии муҳоҷирати меҳнатӣ, баррассии муаммову мушкилоти муҳоҷирон ва омўзонидани меъёрҳои қонунгузории кишварҳои қабулкунанда, аз ҷумла Федератсияи Русия буд.

Дарси кушоди тарбиявӣ бо сухани муқаддимавӣ ва муаррифии аъзои гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират ва дигар меҳмонони даъватшуда аз ҷониби омўзгори фани таърих Г. Ашрапова оғоз ёфт. Ҳамзамон ў дар мавзўи «Муҳоҷирати бехатар» суханронӣ намуда, ҷиҳатҳои мусбат ва манфии муҳоҷирати меҳнатиро як – як шарҳ ва саҳми муҳоҷиронро дар пешрафту ободонии диёр нишон дод.

Баъдан хонандагони гурўҳҳои №№ 020,033,041 ва 043 «Ҷавони роҳгумзада» ном саҳначаи тарбиявиро намоиш доданд. Дар рафти он чӣ тавр ба кўи гумроҳӣ афтодани як тан муҳоҷири меҳнатии тоҷик намоиш дода шуд, ки саргузашти талхаш бинандаро бетараф гузошта наметавонист. Дар хотимаи намоиш қаҳрамони асосӣ муроҷиатан ба аҳли толор аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки пеш аз сафар ба кишвари хориҷӣ барои кор ҳаматарафа омода шаванд, касбу кор омўзанд, иҷозати волидонро гиранд ва дар муҳоҷират фирефтаи ҳар гуна ваъдаи дурўғ нашаванд.

Қисмати дигари дарси кушоди тарбиявӣ санҷиши дониши хонандагон буд. Дар ин қисмат ба онҳо вобаста ба таъриху фарҳанг ва забони русӣ саволҳо пешниҳод шуданд. Аз рўи ҷавобҳои посухдодагон дигарон низ дониши худро бештар карданд. Иловаҳои омўзгор ҷавобҳоро боз ҳам пурратар кард, ки албатта, ба манфиати шогирдон буд.

Зимни бори дигар нишон додани ҷиҳатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ таъкид гардид, ки бисёр муҳоҷирони меҳнатӣ баъди вориди қаламрави дигар давлат шудан аҳли оила, наздикону пайвандонашонро фаромўш мекунанд, ба онҳо кўмак намерасонанд ва боиси ноумедию рўҳафтодагӣ ва шикасти онҳо дар ҳаёт мегарданд. Шеъри қироатнамудаи хонандаи гурўҳи №034 Шаҳдиёр Ҷўразода бо номи “Додо, дар куҷоед” маҳз ҳамин нуктаро бозгў намуд ва дилҳоро ба риққат овард. Дар рафти қироати шеър слайди “Ранҷи фарзанди муҳоҷир” намоиш дода шуд ва он ҷанбаи тарбиявии шеърро боз ҳам қавитар кард.

Саҳначаи дигари тарбиявӣ “Ман бо касби худ ифтихор мекунам” ном дошт. Дар рафти он, дар баробари ташвиқу тарғиби кабу ҳунар, нишон дода шуд, ки бозори меҳнат имрўз маҳз ба мутахассисони баландихтисос ниёз дорад ва муҳоҷирони меҳнатии забондону касбу ҳунари муайяндошта дар муҳоҷират ба мушкилот камтар дучор мешаванд. Ин нукта аз забони хонандагони гурўҳҳои №№ 040, 042 ва 046 басо пуртаъсир садо дод.

Пас аз намоиши саҳнача либосҳои дўхтаи устоҳои таълимӣ ва худи хонандагон намоиш дода шуд. Ҳамаи онҳо бо тарҳи миллӣ, аз матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас, бо истифода аз унсурҳои қуроқу сузанидўзӣ ва зарбофӣ дўхта шуда буданд. Вобаста ба ин намоиш директори литсей иброз дошт, ки соли равон дар доираи озмунҳои минтақавӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чанд нафар тарроҳону хайётон ва либосҳои миллии омоданамудаи онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

Рақси миллӣ дар иҷрои хонандагон ба намоиши мўд ҳусни иловагӣ бахшид ва дарси кушоди намунавии тарбиявиро омўзгор Г. Ашрапова ҷамъбаст кард.

Мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд зимни баёни андешаҳо оид ба ҳусну қубҳи қисматҳои алоҳидаи дарс ба ташкилкунандагони он миннатдорӣ  баён намуданд ва изҳори умед карданд, ки маъмурияти муассиса дар оянда ҳам чунин хонандагони фаъолу ҳунармандро дастгирӣ ва ба пешрафташон ҳамаҷиҳата мусоидат менамояд.

Дар навбати худ директори литсей Нурулло Нурматов барои ташриф ва иштирокашон дар чорабинии доиргардида ба аъзоигурўҳи корӣ изҳори сипос кард.  Пешниҳод намуд, ки чунин чорабиниҳои муштараки сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ тез – тез доир шуда истанд.

Аъзои гурўҳи корӣ баъдан намоишгоҳи маҳсули дасту ҳунари хонандагонро тамошо карданд, бо ҳолати утоқҳои дарсӣ ва устохонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ шинос шуданд. Сарвари муассиса иттилоъ дод, ки дар бозори меҳнати вилоят ба дастпарварони литсей талабот калон аст. Аксари онҳо дар рафти таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ба кор қабул карда мешаванд. Ҳамчунин муассиса бо чанд адад ширкатҳои сохтмониву корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома бастааст, ки хатмкунандагонро бо ҷойи кор таъмин мекунанд.

Чорабиниҳои ҷашнии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир бо ширкати гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират 13 декабр дар шаҳри саноатии Бўстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараён гирифтанд. Аъзои гурўҳ қабл аз оғози чорабиниҳо бо фаъолияти ин сохторҳои зертобеъ аз наздик шинос шуданд, ҳолати корро омўхта, барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта кўмаки амалию методӣ расониданд.

Мулоқот бо сокинони шаҳри Чкалов ва шаҳраки Палос, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар толори Мактаби Президентӣ доир гардид. Ҳайати гурўҳи корӣ ва иштирокчиёни дигар сараввал ба намоишгоҳи молу маҳсулоти ҳунармандони шаҳр ташриф оварданд. Дар он ҷо намунаи гуногуни матоъҳои миллӣ аз қабили атласу адрас, қолин, асбобҳои мусиқӣ, зарфҳои сафолӣ, бозичаҳои бачагона, сарулибос, дастархону рўйҷоҳои қуроқӣ, рўймолу миёнбанд ва маснуоти ороишӣ ҳама дастисохту дастибофт ва дастидўз буданд.

Дар як гўшаи ин намоишгоҳ ярмаркаи ҷойҳои холии кор ташкил намуда, намояндагони Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистон, меҳмонхонаи “Абдуқодир Ҷабборзода”, ширкати муҳофизатии Ред Лайн Секюрети Суғд, беморхонаи шаҳрӣ, Раёсати Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Хадамоти оташнишонӣ ва театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи А.С. Пушкин ҷойҳои холии корро ба корҷўён пешниҳод карданд.

Дар гўшаи дигар маҳсули эҷоди рассомон ва гулдўзон ба намоиш гузошта шуда буд.

Чорабинии маърифатӣ – иттилоотиро, ки дар он наздик ба 400 нафар шаҳрвандон иштирок доштанд, муовини якуми раиси шаҳр Қайюмҷон Маҳмудзода ифтитоҳ бахшида, салому паёми раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро ба аҳли толор расонид. Дар идомаи суханрониаш вазъи муҳоҷирати меҳнатиро дар шаҳр таҳлил кард ва оид ба чораҳои андешидашуда ҷиҳати паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатии сокинон маълумот дод. Қайд намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон дар миқёси шаҳри Бўстон 155 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Албатта, як қисми онҳо корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои хизматрасонӣ мебошанд, ки ба шарофати ба кор даромаданашон ҷойҳои иловагии кор ба вуҷуд меояд.

Иштирокчиёни чорабинӣ баъдан суханронии мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов, намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии “Бирҷаи меҳнати ҷавонони Тоҷикистон” Мирзо Абдуллоев ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ дар рафти мубоҳисаи озод ба саволҳои худ оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, вазъи ҳуқуқии донишҷўёни тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ ва ба Ватан баргардонидани ҷавононе, ки дар муассисаҳои динии дигар кишварҳо ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд, аз маърўзачиён посух гирифтанд. Дар ин радиф оид ба ҷараёни фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саволҳо дода шуданд, ки ба онҳо муовини аввали раиси шаҳр ҷавоб гардонид ва чорабиниро ҷамъбаст кард.

Чорабинии маърифатию иттилоотӣ дар қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират наздик ба 200 нафар сокинон, аз ҷумла кормандони масъули сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, соҳаҳои тандурустию фарҳанг, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо, собиқадорони меҳнат, омўзгорону донишҷўён, фаъолон, ҳунармандон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба ҳам овард. Ин чорабинӣ низ ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир бахшида шуд.

Муовини раиси ноҳия Мастура Комилӣ онро оғоз бахшида, баъд аз муаррифии ҳайати гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират гуфт, ки имрўз дар толор шахсиятҳои шинохтаву варзида бисёранд ва мақсад аз гирд овардани онҳо дарёфти роҳҳои ҳалли муаммову масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини муҳоҷирати бехатари шаҳрвандон мебошад. Масъалаи мазкур дар меҳвари фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад ва ҳамасола ҷиҳати паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, дастгирии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо корҳои муайян ба анҷом мерасанд. Роҳбарияти ноҳия минбаъд низ иқдомҳо ва ташаббусҳои сохтори ноҳиявии зертобеи Хадамоти муҳоҷиратро ҷонибдорӣ карда, ба пешрафти фаъолияти он мусоидат менамояд.

Дар назди иштирокчиёни ин мулоқот ҳам мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов, намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии “Бирҷаи меҳнати ҷавонони Тоҷикистон” Мирзо Абдуллоев ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва дигар масъалаҳои ба раванди муҳоҷират вобаста суханронӣ карданд. Маърўзачиён зимни изҳори андеша аҳли ҷомеаро ба ҳамдиливу ҳамгироӣ, ватандўстию ободкорӣ даъват намуданд.

Таъкид гардид, ки то ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамагӣ чанд рўз мондааст. Ин Паёмҳои анъанавӣ барои ҳар як сокини мамлакат роҳнамо ва барномаи амал буда, самтҳои фаъолиятамонро барои як соли оянда ва солҳои дигар муайян мекунанд. Ҳамагон бояд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз як гиребон сар барорем ва рушду ободии Ватанамонро таъмин намоем.

Дар рафти саволуҷавоб ба суханкардагон оид ба роҳ надодани ҷавонони синни даъватӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани рафту омади муҳоҷирон бо воситаи гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ва марзи ҳамсоякишварҳо, оқибатҳои ному насаб ва шиносномаи худро иваз карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан, додани иҷозати вуруд ба муҳоҷирони меҳнатии аз қаламрави Федератсияи Русия берункардашуда ва воридшавиашон ба ин кишвар муваққатан манъгардида,   тартиби гирифтани патент ва расмикунонии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар паҳлуҳои муҳоҷират савол дода шуд ва онҳо посухҳои мушаххас доданд.

Ба чорабинӣ муовини раиси ноҳия Мастура Комилӣ ҳусни анҷом бахшид.

Ҳамин гуна мулоқот бо аҳли ҷомеа 14 декабр дар Ҷамоати Шаҳраки шаҳри Исфара доир гардид. Бояд гуфт, ки дар Исфара дар радифи муҳоҷирони меҳнатӣ муҳоҷирони муҳоҷирони дохилию экологӣ низ зиндагӣ мекунанд. Барои муҳоҷирони экологӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Воруху Лаккон замин ҷудо гардида, муҳоҷирони дохилӣ асосан дар мавзеи Моҳпарӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шуда истодаанд.

Гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират зимни вохўрӣ бо муовини якуми раиси шаҳр масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологиро баррасӣ намуда, баъди омўзиш ва мавриди санҷиш қарор додани фаъолияти шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара ҳамзамон аз мавзеи барои муҳоҷирони дохилӣ пешбинигардида дидан намуд ва бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд.

Дар чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ намояндагони тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара, аз ҷумла муҳоҷирони дохилию экологӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок доштанд. Дар назди аҳли толор, ки наздик ба 200 нафар буданд, мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов ва сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ва намояндаи КВД “Бирҷаи меҳнати ҷавонони Тоҷикистон” суханронӣ карда, баъдан ба саволҳои додашуда вобаста ба муҳоҷирати бехатар ҷавоб доданд.

Нимаи дуюми рўзи 14-уми декабр  бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд машварати корӣ гузаронида шуд, ки дар рафти он натиҷаҳои омўзиш ва санҷиши якҳафтаинаи гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират ҷамъбаст гардид.

Чорабиниҳои ҷашнии Раёсат бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир бо гузаронидани аксияи муштараки Раёсат бо як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба интиҳо мерасанд.

 

                                                                         Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                              дар вилояти Суғд[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо