[:tj]Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти барномаҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои муайян ноил гардид.
Ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз он 2 адад қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 адад қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 адад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра нишондиҳандаҳои миқдории сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ рушд ёфта, ба ҳолати 1 июни соли 2019 музди миёнаи меҳнат дар сатҳи ҷумҳурӣ қариб 1350 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 151 сомонӣ ва ё 12,6 фоиз зиёд шудааст.
Дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди миёнаи меҳнати аз ҳама зиёд дар саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок 2609,7 сомонӣ, сохтмон 2526,8сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об 2074,8сомонӣ ва сатҳи пасттарини он дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 539,0 сомонӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар робита ба пешгирию бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 фаъолияти 1137 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки аз ин теъдод 889 адад санҷиши нақшавӣ, 229 адад санҷиши ғайринақшавӣ ва 19 адад санҷиши такрорӣ мебошанд.
Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 4760 қонунвайронкунӣ ошкор гардиданд, ки аз ин 3704 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 734 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 63 ҳолат ба масъалаҳои муҳоҷират ва 259 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд, ки аз шумораи умумии қонунвайронкуниҳо 2910 адад ба ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва 1850 адади он ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ тааллуқ доранд.
Дар нисолаи якуми соли 2019 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 78963 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки 57203 нафари онҳо ҳамчун корҷў ба қайд гирифта шуда, ба 33949 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Дар ин давра, тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмўъ, 35917 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, аз ҷумла, 2938 нафар тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) .
Дар асоси 184 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4419 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 13001 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 6252 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардида, ба 20819 нафар шаҳрванд хизматрасонии касбӣ расонида шуд.
Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 428 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодгузаронидашуда, 10634 нафар шаҳрванди бекор ва корҷў ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2019 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 36364 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст, аз ҷумла 20339 ё 55,9 фоиз ҷойи кори доимӣ, 7965 ё 21,9 фоиз ҷойи кори муваққатӣ ва 6059 ё 16,6 фоиз ҷойи кори мавсимӣ мебошанд.
Давоми нимсолаи якуми соли 2019 тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, ба 2130 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 6 млн. 287,1 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,6 фоиз ё 74 нафар зиёд мебошад.
Аз маблағҳои мазкур барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 935 нафар дар ҳаҷми 3 млн. 11,5 ҳазор сомонӣ, барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба 660 нафар ба андозаи 2 млн. 125,0 ҳазор сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 535 нафар ба маблағи 1 млн. 150,5 ҳазор сомонӣ дода шудаанд.
Ҷиҳати дастгирӣ ва эҳёи намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 624 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 1 млн. 883,7 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.
Дар нимсолаи якуми соли равон дар марказҳои таълими касбии калонсолон 27465 нафар ба тайёрии касбӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва тавассути роҳхатҳои иловагӣ ба дигар марказҳои таълимие, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият доранд, 28162 нафар ба курсҳои тайёрии касбӣ фаро гирифта шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дурнамои нишондиҳандаи барнома дар самти ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани шаҳрвандон дар сатҳи 78,2 фоиз таъмин карда шуд.
Теъдоди умумии касбомўзон аз ҳисоби маблағҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2018 – 2019 дар ин давра 13001 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 10111 нафар (77,7%) зан ва 7694 нафар (59,1%) ҷавон мебошанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 аз ҷумҳурӣ 300 284 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, аз инҳо 260 125 нафар мард ва 40 159 нафар зан мебошанд. Аз ҷумла, 293 248 нафар муҳоҷири меҳнатии кишвар ба Федератсияи Россия ва 5 567 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кардаанд.
Рафти муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 037 нафар ё ин ки 19% фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра аз хориҷи кишвар 188 183 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Ватан бозгаштанд, аз ин 154 283 нафар мард ва 33 900 нафар зан мебошанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2% кам шудааст.
Санаи 3 феврали соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи кори дар Давлати Қатар ва 17 апрели соли 2019 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ба имзо расонида шуданд, ки айни замон кор дар самти гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба тасдиқи ин санадҳо аз ҷониби тарафҳо идома дорад.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 ба дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 18173 адад муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардид. Дар ин давра 12 млн. 859 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 20 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбати шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Инчунин бо мусоидати Намояндагӣ 6 441 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин гардиданд.
Кормандони Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва фаъолони диаспораҳо, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар мавзўъҳои муҳим дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия237вохўриву суҳбат гузарониданд.
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар намудани квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” аз 6 марти соли 2019, №1231 теъдоди қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 7500 нафар муқаррар гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 3352 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 268 нафар зиёд мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ва бо назардошти бурдани назорати доимӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 119 нафар шаҳрванди хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин теъдод 26нафар барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои будубош бо қарорҳои судҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шудаанд.
Соли таҳсили 2018 – 2019 дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22903 нафар таҳсил намуданд, ки аз ин шумора 5075 нафар духтар буда, 19871 нафар дар гурўҳҳои буҷавӣ ва 3122 нафар дар гурўҳҳои шартномавӣ касб омўхтанд. Дар 61 литсейи касбии техникӣ ва филиали МД “Литсейи касбии махсуси маъюбон” дар ноҳияи Рўшони ВМКБ 1541 нафар омўзгор ва 1040 нафар устои таълими истеҳсолӣ фаъолият менамоянд.
Дар доираи аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳоирушдидеҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ» вазорат Нақша – чорабиниҳои муштарак бо вазорату идораҳои дахлдор барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин гузаронидани вохўриву суҳбатҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ байни наврасону ҷавонон бо мақсади пешгирии сатҳи ҷинояткорӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиро тасдиқ намуда, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ давра ба давра чорабиниҳо баргузор шуданд.
Ҷиҳати фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ вазорат ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, барои рушди соҳаи меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон як қатор лоиҳаҳоро бо Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат, Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират, Бонки Осиёии Рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, тибқи вазифаи техникии лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Кумаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омўзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим” 8 маркази захиравӣ ташкил карда шуда, аз рўи 20 барномаи пилотӣ (барои 20 ихтисос) муҷаҳҳазгардонӣ ва ташкили курсҳои такмили ихтисоси омўзгорони фанҳои тахассусӣ ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ идома дорад.
Дар доираи лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омўзиш” бошад дар 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомўзӣ ва соҳибкорӣ аз рўи 17 ихтисос синфхонаҳо, кабинетҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ, устохонаҳо таъмир карда шуда, онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, ашёву аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд. Инчунин, хобгоҳҳои хонандагон низ таъмир карда шуда, барои зист шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Вазорат ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2019 бинои маъмурии сохторҳои вазоратро дар ноҳияи Рашт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, ба истифода супорид.
Бояд қайд намуд, ки сохтмони бинои мазкур дар ноҳияи Рашт соли 2012 оғоз гардида, маблағи лоиҳавии он 3 млн.770 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 17 утоқи корӣ, толори маҷлис, 7 синфхона, 2 бойгонӣ, ошхона ва анбор мебошад.
Дар бинои зикршуда шуъбаву бахшҳои ноҳиявӣ ва минтақавии сохторҳои вазорат – шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ҷойгир шудаанд.
Дар самти корҳои ободонию созандагӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 майдончаи варзишӣ, бозии кўдакон ва истироҳати калонсолон дар ҳудуди шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон, назди биноҳои М7/1, М7/3, М7/4, М7/5, 25 ва 26 сохта ба истифода дода шуд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]