Дарси кушод

[:tj]Дар робита ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати-миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Хадамоти муҳоҷират дарси кушоди омўзишӣ баргузор гардид. Девор ва як гўшаи толор бо намунаи ҳунарҳои дастӣ, аз қабили кашидадўзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, табақсозӣ, қўроқдўзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ ва ғайра оро дода шуда буд.

Зимни баромади хеш, сардори Хадамот Тоҳир Каримзода қайд карданд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018  дар тамоми манотиқи мамлакат бо рӯҳияи баланд истиқбол гардид. Барои он дар кишвари мо заминаи модию маънавӣ вуҷуд дорад. Таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами дорои соҳаи сайёҳии рушдкарда баръало нишон медиҳад, ки асоси он сулҳ, амният ва суботи пойдор мебошад. Дуюм он ки ин сарчашмаи муҳими даромади буҷети давлатро ташкил медиҳад. Илова бар ин, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳангоми мавҷуд будани инфрасохтори муосир ба сокинони мамлакат, аз ҷумла, дар музофотҳо имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, даромади иловагӣ дошта бошанд ва ҳунармандони мардумӣ харидорони маҳсулоти дастӣ бозор пайдо намоянд. Ин воситаи муҳими муаррифии кишвар, фарҳангу тамаддуни миллиамон мебошад.

Сипас мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ баромад намуда, муфассал оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ибрози ақида намуда, ба иштирокчиён маҳсули ҳунарҳои дастии ба маъраз гузошташуда, рамзҳо ва таърихи пайдоиши онҳоро шарҳу эзоҳ дод.

Роҳбарияти Хадамот аз гўшаи намунаи ҳунарҳои дастӣ дидан карда, ба ташкилкунандагони он баҳои баланд доданд.    

                                                                                            Анвар Юсупов                                                                                          

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо