Дар шаҳри Москва марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирии сироятии «Коронавирус» бекор карда шуданд

[:tj] 

Аз 23 июни соли 2020 дар шаҳри Москва марҳилаи дуюми маҳдудиятҳои худканоргирӣ ва низоми рухсатномавӣ, ки аз 29 марти соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии пандемияи «Коронавирус» Ковид-19 татбиқ мешуд, бекор гардид. Фармони марбутаи раиси шаҳри Москва «бинобар беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ ва коҳиш ёфтани ҳолатҳои сироятшавӣ», 08 июн ба тасвиб расида буд.

Тибқи муқаррароти он, аз 23 июн сар карда фаъолияти иншооти варзишии оммавӣ, аз ҷумла фитнес клубҳо, толорҳои шиноварӣ, қисмати дохилии тарабхонаву каҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва нуқтаҳои фурўши хўроки умумӣ, ҳаммом, толорҳои масҳ, майдончаҳои кўдакона, майдончаҳои варзишии назди хонаҳо ва иншооти истифодаи умум оғоз мегардад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 9 июни соли равон мувофиқи фармони мазкур шаҳрвандон метавонистанд, дар ҳудуди шаҳри Москва бидуни рухсатнома, аммо бо риояи талаботҳои зиддиэпидемиявӣ, бо пўшидани ниқобу дастпўш гаштугузор намоянд.

Ҳамчунин фаъолияти ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, суратхонаҳо ва ташкилотҳо вобаста ба кортаъминкунию интихоби коргарон, муассисаҳои таълимии хусусӣ, каршеринг ва хизматрасонии таксӣ бо риояи талаботҳои зиддиэпидемиявӣ аз 9 июн иҷозат дода шуда буд.

Бекор шудани марҳилаи дуюми маҳдудиятҳо ва ба фаъолияти пурра шурўъ кардани аксари муассисаҳои хизматрасонию хўроки умумӣ имкониятҳои навро ҷиҳати дарёфти ҷойҳои корӣ фароҳам месозад.

Ҳамватанони гиромӣ, тавре шумо огоҳ ҳастед, мувофиқи фармони Президенти ФР аз 15 июни соли 2020 №392 бинобар вазъи ба амаломада вобаста ба пешгирии паҳншавии сирояти «Коронавирус» мўҳлати амали санадҳои марбут ба қайди муҳоҷиратӣ (регистрация), боз ба се моҳи минбаъда, яъне то 15 сентябр тамдид карда шуд. Вале дар фарқият ба фармони пештара, ки барои фаъолияти меҳнатӣ бидуни патент ва пардохти андози патент ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозати кор кардан дода мешуд, аз 15 июн бидуни патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом дода намешавад. Касоне, ки дар давраи аз 15 март то 15 июн бе патент кор кардаанд, бояд минбаъд патент гиранд. Мақомоти марбутаи ФР ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон додааст, ки сарфи назар аз мақсади вуруд дар корти муҳоҷиратӣ шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз марказҳои муҳоҷиратӣ патент гирад. Ҳамчунин шахсоне, ки патент доранд, минбаъд бояд андози моҳонаи патентро пардохт намоянд.

Ёдовар мешавем, то ин дам, тибқи муқаррарот, агар шаҳрванди хориҷӣ дар корти муҳоҷиратияш мақсади вурудашаро «кор» (работа) дарҷ намекард, ба ў патент дода намешуд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз ҳамватанон-муҳоҷирони меҳнатӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, касоне, ки дар ин давра ва баъд аз 15 сентябр мақсад доранд дар Федератсияи Россия будубош намуда бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд, аз ин имконият истифода намуда, патенти кориро ба расмият дароранд ва дар доираи қонунгузорӣ кору иқомат намоянд.

Ҳамчунин аз ҳамватанон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин муддат талаботҳои муқарраргардидаи зиддиэпидемиявиро риоя намуда, нисбат ба сиҳатии худ ва атрофиён масъулиятшинос бошанд.

Дар сурати пайдо шудани нофаҳмиҳо ҳамватанон метавонанд бо телефонҳои зерин ба Намояндагӣ муроҷиат кунанд.

 

+7(495)967-98-44;
+7901 422 35 78.

                               Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                          аҳолӣ ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо