Дар шаҳри Челябинск бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ доир гардид

Дар шаҳри Челябински минтақаи Урали Федератсияи Россия вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Саидзода Зафар Шералӣ ва масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал бо роҳбарону фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёну муҳоҷирони меҳнатии тоҷик сурат баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи қоидаҳои буду бош дар давлати иқомат, баргузории чорабиниҳои гуногун дар миёни тоҷикони муқимӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима ва омӯзиш қарор гирифтанд.


Нахуст, масъулин иштирокчиёни вохурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, тоҷикони муқимӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқболи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуданд, ки дар хориҷи кишвар ҳар шаҳрванд масъулияти бузурги муарриффи миллиро дорад, пас моро зарур аст, ки бо нишондиҳандаҳои хуби корӣ, одобу рафтори намунавӣ ва ахлоқи баланду ташабускориву созандагӣ миллати тоҷик ва арзишҳои милливу давлатиамонро муаррифӣ намоем.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби иштирокдорон саволҳои гуногун оид ба фаъолияти расмӣ, расмикунонӣ дар давлати иқомат, таҳсил ва буду боши мувақатии донишҷӯён, баргузории чорабиниҳои миллӣ ва дигар масъалаҳо дода шуд, ки масъулини Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба онҳо посух гардониданд.

Дар охир, аз роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳои минтақа даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар коргоҳҳо ва иншоту сохтмонҳо мусоидат намоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо