Дар Ғулакандозу Гулхона чиро баррасӣ карданд?

[:tj] 

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханрониашон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб (ш.Душанбе, 07.02.2019) баён дошта буданд, айни замон сохторҳои ҳизбии вилояти Суғд дар самти барқарор намудани робита бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо корҳои муайянро ба иҷро расонида истодаанд. Аз ҷумла, мулоқоте, ки бо иштироки сардори бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов М. Навбаҳоров, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ноҳия Р. Ҳакимзода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Р.Одилзода, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират О. Узоқов, мудири бахши кор бо занон ва оила М. Каримова, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия А. Қурбониён, мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Р. Ҷӯраева, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Ҳоҷӣ Абдуғафурота» О. Мадиёров, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов доир шуд, бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур роҳандозӣ гардид.

Раисикунандаи чорабинӣ мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Ҳ. Зокиров ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъдан дар назди иштирокчиён сардори бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират, мудири бахши кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳия, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Ҳоҷӣ Абдуғафурота» суханронӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот муҳимтарин масоили доғи рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Махсусан ба масъалаи муҳоҷирати бехатар ва пешгирии воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро диққати бештар дода шуд. сардори бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов М. Навбаҳоров оид ба 12 нафар сокинони гумроҳшудаи ноҳия маълумот дода, аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки сади роҳи гумроҳшавии ҷавонону шахсиятҳои ноогоҳ шаванд.

Ҳамин гунна мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Гулхона низ гузаронида шуд. Ба ин мулоқот собиқадорони меҳнат, пирони рӯзгордида, сарварони корхонаю ташкилотҳо, ходимони дину бибиотунҳо ва фаъолзанони деҳаҳо низ даъват шуданд. Раиси ҷамоат Ш. Қаҳҳоров ба иштирокчиён меҳмононро шинос кард ва мақсади доирнамоии мулоқотро шарҳ дод. Онҳо дар радифи дигар маърӯзачиён суханронии муовини сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Исомиддин Бобониёзов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Ардашер Қурбониёнро бо мароқи том шуниданд.

Зимни суханрониҳо ва саволу ҷавоби озод таъкид гардид, ки пешгирӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, коррупсия, ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, вайроншавии оилаҳо ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб дастҷамъию муттаҳидии кули аъзои ҷомеаро тақозо менамояд. Бинобар ин, ҳамагон бояд аз як гиребон сар бароварда, зиндагии шоистаи худу ояндагонро таъмин созем.

                                                                 Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                дар ноҳияи Ҷаббор Расулов[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо