Дар ҳамкорӣ бо Марказ

[:tj]Боиси хурсандист, ки ҳамкории бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат бо Маркази ноҳиявии мубориза ба муқобили бемории ВИЧ/СПИД ва дигар муассисаи соҳаи тандурустӣ сол то сол тақвият меёбад. Ин ҳамкорӣ хусусан дар самти ташвиқоту тарғибот назаррас аст.

Тибқи нақшаи ташкили чорабиниҳои муштарак бахш дар ҳамкорӣ бо Марказ 18 ва 19 октябри соли равон дар Ҷамоату деҳотҳои шаҳру ноҳия бо иштироки намояндагони табақаҳои аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд.

Дар назди аҳли толор намояндагони Марказ, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва сайёҳӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, соҳаи тандурустӣ ва масҷидҳои ҷомеъ баромад намуданд.

Мавзӯи асосии чорабиниҳои мазкур мубориза алайҳи ВИЧ/ СПИД ва дигар бемориҳои гузаранда буд.

Пас аз баромадҳо дар байни аҳли толор ва баромадкунандагон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор доир гардид. Ҳамчунин ба иштирокчиён маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас карда шуд.

                                                                                          Анвар Юсупов

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо