Дастгирӣ дар арафаи ид

[:tj] 

 

Тибқи вазифагузориҳои сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода дар арафаи фарорасии Иди Қурбон кормандони дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ шуданд.

Ба онҳо кӯмаки моддии яквақта дар намуди орд, равғани растанӣ, макарон ва шакар дастрас гардид.

Чуноне ки мудири бахши молия ва хоҷагидории Раёсат Собит Собиров ва раиси кумитаи иттифоқи касаба Диловар Муродов иттилоъ доданд, ин амали хайр минбаъд низ идома меёбад ва Раёсат дар самти дастгирии моддии кормандон тадбирҳои амалӣ меандешад.

Ин дастгирӣ дар арафаи ид боиси қаноатмандии кормандон шуд ва бо изҳори миннатдорӣ баён доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо фаъолияти худро боз ҳам тақвият мебахшанд ва вазифаҳои хизматиашонро софдилона ба ҷо меоранд.

 

                                                              Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо