Даъват аз аҳли ҷомеа

[:tj] 

Дар Ҷамоати шаҳраки Нурафшони шаҳри Исфара бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират бо 65 нафар раисони маҳаллаҳо, кормандони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, ходимони дин, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаъолон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқот доир гардид, ки дар рафти он масъалаи тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот мавриди баррасии васеъ қарор гирифт.

Мулоқотро раиси Ҷамоати шаҳраки Нурафшон О. Болтаев ҳусни оғоз бахшид ва мақсади ташкилу баргузории онро ба ҳозирин шарҳ дод.

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара М. Ахмедов зимни суханрониаш дар симои иштирокчиён аз аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки дар масъалаҳои пешгириву мубориза алайҳи падидаҳои ногувор, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва танзими ҷашну маъракаҳо, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ободу зебо намудани диёр ва таъмини рӯзгори шоиста бетараф набошанд. Аз волидону шахсони наздики муҳоҷирони меҳнатӣ дархост намуд, ки ҳангоми дар муҳоҷират қарор доштани онҳо аз ҳолу аҳвол, ҷои будубош ва фаъолияти меҳнатиашон бохабар шуда истанд, садди роҳи воридшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротгаро шаванд.

Дар рафти саволу ҷавоби озод аҳли толор ба пурсишҳои худ посух гирифтанд ва дархосту пешниҳодҳояшонро баён намуданд.

 

                                                                    Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                         дар шаҳри Исфара[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо