[:tj]Дар вилояти Иркутски Федератсияи Русия боз ду Асосиатсияи тоҷирону соҳибкорон ва варзишгарони тоҷикистонӣ ташкил дода шуд.
Чуноне дар суҳбат бо хабарнигори махсуси рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» раиси Ҷамъияти милӣ – фарҳангии тоҷикони вилояти Иркутск бо номи «Соотечественник» (Ҳамватан) Муриват Маликшоев иброз намуд, вилояти Иркутск дар Федератсияи Русия яке аз минтақаҳои калонтарини саноатӣ ба шумор рафта, аз ҷиҳати масоҳати ҷуғрофӣ бошад, дар байни 5 минтақаҳои калонтарини ФР ҷойгир мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вилояти Иркутски ФР аз авали солҳои 60-70 уми асри гузашта муносибатҳои дўстии тиҷоратӣ ва фарҳангиро ташкил карда буд.
Дар он солҳо аз ҳисоби маблағи ҶТ дар ин вилоят якчанд корхонаҳои коркарди чубу тахта сохташуда буданд, ки ин корхонаҳо маҳсулотҳои тайёр намудаи чубу тахтаашонро ба ҷумҳриамон мефиристоданд. Ба ивази маҳсулотҳои чубу тахта аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин вилоят маҳсулотҳои ниёзи мардум, аз он ҷумла меваҳои тару хушк, сабзавот, консерватсия ва дигар маҳсулотҳои хоҷагии халқ фиристода мешуданд.
То солҳои 2005-ум ин корхонаҳо моликияти ҶТ буданд. Дар он солҳои гуногун дар ин корхонаҳо ва умуман дар вилояти Иркутск шумораи начандон зиёди тоҷикистониён кору зиндагӣ доштанд, ки ба ҳисоби тахминӣ то 120 нафарро ташкил медоданд Ҳоло бошад, дар вилояти Иркутск ҳазорҳо ва дар давоми мавсими корӣ даҳҳо ҳазор нафар тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳрӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят кору фаъолият доранд.
Моҳи феврали соли 2000-ум дар вилояти Иркутск аз руйи мушоҳидаҳои мо имрўзҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҶТ муҳоҷирони меҳнатӣ барои фаъолияти корӣ ба вилояти Иркутск рафтуомад доранд. Аз шумораи умумии тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони мамлакат, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Иркутск кору фаъолият мекунанд, қариб 70 фоизи он дар соҳаи сохтумон, зиёда аз 10-15 фоиз дар бозорҳои хурду миёна, миқдори муайяне дар заводу фабрикаҳо ва дигар корхонаю ташкилотҳои истеҳсолӣ ва мусофиркашонӣ ба ҳайси мутахассис, қисми дигар тоҷирону истеҳсолотчиён мебошанд ва чанде дар ташкилотҳою муассисаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ кору фаъолият доранд. Боиси хурсандист, ки имрўзҳо дар ин вилоят тоҷикон ва шаҳрвандони тоҷикистонии ин вилоят ширкатҳои гуногуни истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ ташкил намуда, дар баробари фаъолияташон даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатиро соҳиби ҷойи кор мекунанд.
Ширкатҳои ин ҳамватанон дар соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла, корхонаҳои коркарди сохтумонӣ, чубу тахтабарорӣ, чорводорӣ, заминкорӣ, муассисаҳои хўроки умумӣ, чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, инчунин ба тиҷоратҳои гуногуни дигар соҳаҳо кору фаъолият доранд. Фарзандони точикистоние, ки ба ин вилоят меоянд, дар боғчаҳои бачагона дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, дар мактабҳои гуногуни олӣ ва миёнаи махсус таҳсил доранд. Дар вилояти мо варзишгарони зиёди ватанӣ дар соҳаҳои гуногуни варзишӣ фаъолият дошта, дар бисъёр мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуда обрўю эътибори ҷумҳуриамонро мебардоранд.
Ба ғайр аз ин, табибони зиёди зодагони ватан дорем, ки онҳо дар баробари фаъолияти кориашон, ба беморон шаҳрвандони малакат ҳамеша ёрӣ аввалиндараҷа мерасонанд. Бояд гуфт, ки барои аксарияти зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба вилояти Иркутск меоянд, ин диёрро ватани дуюми худ ҳисоб мекунанд. Барои самаранок дастгирӣ намудани шаҳрвандонамон дар назди Раёсати Ҷамъият якчанд Иттиҳодияҳо ва Асосиатсияҳо ташкил карда шудааст, аз он чумла, Иттиҳодияи занони тоҷикистонӣ, Асосиатсияи табибони тоҷикистонӣ, Асосиатсияи ҷавонону донишҷўёни тоҷикистонӣ, Асосиатсияи ҳуқуқшиносони тоҷикистонии вилояти Иркутск кору фаъолият доранд.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони ҶТ, ки ба ин вилоят ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ барои фаъолияти корӣ меоянд, кариб 90 фоизро он шаҳрвандоне, ташкил медиҳанд, ки бо ин вилоят шиносоии наздик доранд, яъне он шаҳрвандоне мебошанд, ки муддати солҳои гуногун барои фаъолияти корӣ ба ин ва ё он шаҳру ноҳияҳои ин вилоят рафтуомад мекунанд ва ҷойи кори аниқ доранд.
Аммо мутаасифона дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ шахсоне ёфт мешаванд, ки бе маслиҳати пешакӣ, бе омодагӣ, қарзи гаронеро ба сар карда, тавакалӣ ба ин ё он шаҳрҳои гуногуни ФР сафар мекунанд. Баъди дохил шудан ба ин кишвар ба мушкилиҳои зиёди молиявӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра дучор мешаванд.
Бинобарин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ гуфтанием, ки пеш аз сафар ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои гирифтани маълумот оид ба тартиби будубош ва гирифтани патент дар давлати қабулкунанда муроҷиат намоянд.[:]