«Зани тоҷик-нигаҳдорандаи оташи урфӣ» – мулоқоти ҳамватанон дар Хабаровск

[:tj]Бо ибтикори раиси бонувони тоҷики шаҳри Хабаровски Федератсияи Россия  Моҳтоб Хайруллоева дар толори Хонаи «Дӯстии халқҳо»-и ин шаҳр  бо номи «Зани тоҷик-нигаҳдорандаи оташи урфӣ» мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ доираи васеи бонувони соҳибкори тоҷик, ки дар шаҳри Хабаровск ва Комсомоли лаби Амур фаъолияти хуб доранд, ширкат карданд.

Дар вохӯрӣ Робиямо Латифова, Шамсия Қурбонова, Шаҳодат Орифова, Санавбар Киромова дар бораи тарбияи дурусту ватандӯстонаи фарзандон, ба таҳсили илму марифат фаро гирифтани онҳо ва дур нашудан аз урфу одатҳои аҷдодӣ суханҳои пурмазмун  гуфтанд.

Дар вохӯрӣ муовини директори Хонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Хабаровск Татьяна Ерофеева бонувони тоҷикро тимсоли покиву зебоӣ ва фурӯзон нигаҳдорандаи оташи меҳру вафои хонадони шарқиёнаашон, ки дар он ҳурмати волидону калонсолон  ва тарбияи хуби фарзандон дар мадди аввал меистад, номид.

Дар охир пешниҳод гардид, ки барои омӯзиши духтарон мактаби махсуси таълими сӯзандӯзиву хӯрокпазӣ ва оиладории тоҷикона таъсис дода шавад, то рӯзҳои якшанбе толибилмон аз он сабақ гирифта, бо ин роҳ аз фарҳанги пурғановати тоҷикона баҳра бардоранд.

                                                                                       Таҳияи

                                                                                     Анвар ЮСУПОВ

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо