Идомаи вохӯриҳо дар шаҳри Левакант

27 апрел гурӯҳи кории ситоди Хадамоти муҳоҷират таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Каримзода Тоҳир аз шаҳри Левакант дидан намуда, як қатор вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор намуданд.

Чунин мулоқотҳоро дар муассисаи таълимии Литсейи давлатии №1 бо ҳузури бештар аз 150 нафар, дар бозори марказии шаҳр бо иштироки 40 нафар ва дар кӯчаҳои шаҳр бо ҷалби 80 нафар сокинон барпо намуданд.

Зимни вохӯриҳо Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, муҳтавои фармони Президенти Федератсияи Россияро ба самъи ҳозирин расонида, қайд карданд, ки тибқи фармони Президенти Россия «Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19» аз 18 апрели 2020 ба таври худкор (автоматӣ) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ дароз карда мешаванд, кадом чораҳоро бояд андешанд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия муроҷиат намоянд, худро ба қайд гиранд ва буду боши худро дар Россия тамдид намоянд.

Тибқи фармони мазкур, агар шаҳрвандони ҷумҳурӣ буду боши худро дар Федератсияи Россия то 30 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.

Айни замон рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо мавҷуд аст.

Бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо ҷиҳати расмикунонии буду бош дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муроҷиат намоянд.

Чунин вохӯриву мулоқотҳо аз ҷониби гурӯҳи кории ситоди Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома доранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо