ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ БА ҶОНИБДОРӢ АЗ НОМЗАДИ ПЕШБАРИНАМУДАИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН, ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲХДТ – АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

[:tj] 

 

 

5 октябри соли ҷорӣ, дар Мактаби байналмиллалии Президентӣ ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба ҷонибдорӣ аз номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Кумитаи ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмонзода Абдулло, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода А ва муовини якуми раиси Кумита Назарзода Ризо баргузор гардид.

Имрӯз мо – кормандони ҷавонони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ изҳор медорем, ки номзади пешбаринамудаи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Воқеан, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти сарварии наҷотбахши миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  дигаргуниҳои куллӣ ба назар расиданд, ки инро мо бевосита дар соҳаи мазкур мушоҳида менамоем.

Дар асл, зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пайкораш рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллати тоҷик таҷассум ёфтааст, умеду ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ҷомаи амал пӯшонид.

Мо кормандони ҷавони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дарси ибрат гирифта, таъмини оромиву осудагӣ ва саломатии ҳар як сокини кишварро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем.

Бинобар ин, ба хотири пойдории сулҳу суботи сартосарӣ ва боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз, эҳтиромона аз номи тамоми кормандони ҷавони соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзади пешниҳодамудаи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи дар пешистода ҳамчун номзади арзандаву беназир дастгирӣ менамоем.

Шараф ба Пешвои муаззами миллат!

Шараф, Шараф, Шараф!!!

 

                                                   Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                   аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо