[:tj]7 март ба ифтихори Рӯзи Модар дар Хадамоти муҳоҷират ҷамъомади ботантана баргузор гардид.
Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила қарору қонунҳоро ба тасвиб расонд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занону бонувони мо такони ҷиддӣ бахшид. Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим бозиданд.
Чуноне Асосогузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, «Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст».
Дар ҳақиқат, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад.
Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накукориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад.
Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому мартабаи ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Боиси ифтихор аст, ки дар хизмати давлатӣ дар Хадамоти муҳоҷират ҳамроҳи мо 52нафар бонуи пурмаҳсул кору фаъолият доранд, ки аз онҳо 8 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд, – афзуд Т. Каримзода.
Сипас, филми эҷодӣ бахшида ба Рӯзи Модар ба ҳозирин пешкаш гардид.
Ҳамчунин дар ҷамъомад шоир Элмурод Турсунов аз эҷодиёташ дар васфи зан – модар шеърҳо қироат кард, инчунин кормандони дастгоҳи марказии Хадамот Нурулло Ғафуриён ва Ҷамшед Қаландаров низ дар васфи модар аз эҷодиёти шоирони муосир шеърҳо замзама намуданд.
Анвар Юсупов
[:]