Истиқлолият пешрафту шукуфоӣ аст

[:tj] 

Ҳар  сол,  ки  Истиқлолият  дар  мамлакати мо  мегузарад, боз  як  соли дигар  бузургтару,  аз  ҳар  нигоҳ  коимтар  мешавад.  Барои  ҳар як хурду бузурги шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти  давлатӣ   имконият дод,  ки  миллати  мо  дар  фазои  озодии  комил роҳи  рушду тараққиётро  барои фардо муайян намояд.

Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 9-сентябр Истиқлолияти давлатии кишвар сазовор пешвоз гирифта мешавад. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани азиз ва дар давлати ободу зебо зиндагӣ менамояд. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистонро зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Аз замони ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ табдил ёфт. Боварӣ дорем, ки кишвари мо дар арсаи байналмиллалӣ сол то сол нуфузу эътибори худро густариш дода, бо мурури замон ба як давлати бузурги минтақа табдил меёбад.

Ҳоло, ки Истиқлолияти давлатӣ моро 28 – сол сипари  гузашта бошад ҳам, бе хотирнишон кардани душвориҳо дар  бораи  дастовардҳои он  сухан  гуфтан  мушкил  аст.

Оре, миллати  мо  дар  он айём,  ки  истиқлолиятро  ройгон  ба  даст оварда  буд,  ба  як  вазъи гирифтор  шуда буд, ҳамаи  азобу ҳаракатҳои  навтаъсиси  замони  тозаистиқлол  аз  бетаҷрибагӣ  фирефтаи  тафаккуру   мафкураи барғалати рӯҳониёни ифротӣ, ки хоҷагонашон дар хориҷ  буданд,  оқибат шаҳрвандони кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.   Дар  рӯзҳои  бесару  сомон  барпо гардидани  Иҷлосияи  таърихии  16 – уми  Шӯрои   Олии  Тоҷикистон  барои  миллати  мо  тақдирсоз  гардид.  Бахти  миллат  хандид  ва  вакили  мардумӣ  Эмомалӣ Раҳмон  бо  дастгирии  куллӣ вакилон раиси Шӯрои  Олии  Тоҷикистон  интихоб   гардид.

Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон  дар роҳи ҷомеаи  демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватандӯстии ҷавонон яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳукумат арзёби мегардад. Ин  воқеъиятро чандин сол пеш Сарвари мамлакат ҳангоми вохӯрӣ бо  ҷавонон чунин тавзеҳ дода буданд: «Мо ба масъалаи ҷавонон барои он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоем, ки онҳо ояндаи давлату миллатанд.  Бинобар ин шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми  соҳаҳо  ҳамчун  сиёсати давлатии ҷавонон  қабул  карда,  дар татбиқи  он  такягоҳи асосӣ  бошед. Ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда   мешавад,  мақсади он  пеш аз ҳама  беҳбудии  ҳаёти шумо ҷавонон ва  ба  хотири  ояндаи неки Тоҷикистон аст».

Имсол ба ифтихори 28 – умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли шаҳрвандони Тоҷикистон ҷашн мегиранд ва то фаро расидани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст,  ки  дар  пешрафти ватани азизи худ саҳми босазое гузоранд.

 

                                                                                 Рёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Душанбе [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо