Ифтитоҳи ду бунгоҳи тиббӣ, синфхонахои иловагӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ

26 июни соли равон дар ноҳияи Қубодиён ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ як қатор иншооти ҷашнӣ расман ба истифода дода шуданд.

Дар маросими ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ширкат варзида, табрикоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шугли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони ноҳия расониданд.

Бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Бошқалъаи ҷамоати деҳоти У. Назаров ва Рудақули ҷамоати деҳоти Заркамар, синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти асосии №20 барои 200 нафар дар ду баст дар ҷамоати деҳоти 20 – солагии Истиқлол, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти Заркамар, тӯйхонаи тобистона ва нуқтаи шустушӯи мошин ва қолинҳо аз ҷумлаи иншооти мазкур мебошанд.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019- 2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёди иншооти наву замонавӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоати деҳоти он симои ноҳияро ба кулли дигар намуда, ба рушди инфрасохтор, ташкили ҷойҳои кори нав, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён давоми се соли охир 170 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шудаанд, ки аксариати онҳо бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд гардидаанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо