Иштирок дар маҷлиси фаъолони ноҳия

[:tj] 

 

Тибқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 8-уми июл дар толори қасри маданияти ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2020 бо иштироки сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо, сарварони ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷомеа доир гардид.

Дар ин ҷаласа сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба ҳайси намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар гузориши худ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода асосан раванди бунёдкорию созандагӣ ва рафти омодасозии иншоотҳои ҷашниро таҳлил ва вобаста ба тақвият бахшидани фаъолият дар самти мазкур андешаҳои худро баён намуд.

Зимни суханрониаш ба ҳайси намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Зайнура Шарифӣ хулосаҳои худро вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ баён намуда, аз ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, шахсан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ёдовар шуд. Дар симои фаъолон аз кулли сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва супоришу вазифагузориҳои Раиси вилоят аз як гиребон сар бароварда, аз имкониятҳо босамар истифода баранд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо