Иштирок дар спартакиадаи варзишӣ

[:tj] 

1-уми май ба муносибати Иди баҳору меҳнат Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд аз рӯи намудҳои шоҳмот, шашка ва сангбардорӣ дар байни раёсатҳои зертобеъ спартакиадаи варзишӣ доир намуд.

Бино ба иттилои раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Диловар Муродов дар ин чорабинӣ Раёсатро 3 нафар намояндагӣ намуданд.

Дар мусобиқа оид ба шоҳмот мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ Ҳусейнҷон Зоидов то даври финалӣ роҳ ёфт. Мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии дастгоҳи Раёсат Нилуфар Сатторова бошад, аз рӯи намуди шашка соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.

Дар ҷамъбасти спартакиада ба ҳар ду намояндаи Раёсат дар вазъияти тантанавӣ туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

 

                                                                     Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                             дар вилояти Суғд

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо