Иқдоми муштарак дар Варзоб

[:tj] 

 

         Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни ҷавонону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, ташвиқи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иқдоми муштарак баргузор намуданд.

Ёдовар мешавем, дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар-Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

21-уми феврали соли ҷорӣ дар қисмати тантанавии чорабинӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид ва пас аз садо додани суруди миллӣ, раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар ёдоварӣ аз он карданд, ки «Қувваҳои Мусаллаҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд».

Ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохта чорабинии рангини фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии болозикр аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Варзоб дар ҳамбастагӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ба сокинони ноҳия буклетҳо дар мавзӯъҳои «Интихобот ва ҷавонон», «Солимии ҷавонон-солимии миллат аст», «Ёддошт ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар менамоянд», «Тартиби гирифтани патент барои кор дар Федератсияи Россия», «Омӯзиши касбҳои коргарие, ки дар бозори меҳнат серталабанд»,  «Танзим баракати зиндагӣ», «Кӯдакони худро муҳофизат менамоем», «Мо зидди савдои инсонем» ва «Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» ба миқдори 1700 нусха тақсим гардид.

 

                                                                                       Орифҷон Олимзода

                                                                               сардори бахши Хадамоти

                                                                                муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо