Кормандони Хадамоти муҳоҷират филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»-ро тамошо намуданд

[:tj] 

 

23 сентябр дар толори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ тамошои сарҷамъонаи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо иштироки фаъолонаи кормандони дастгоҳи марказӣ ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Чуноне мо огаҳем, чанд рӯз аст, ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» оид ба фаъолияти ғайриинсонӣ ва достони ғайриахлоқии аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом намоиш дода мешавад, ки ҳар порчаи он пур аз фаҳшу фасод, қатлу ғорат, террори шахсиятҳои сиёсӣ, илмию фарҳанги тоҷик, одамрабоию шиканҷаи инсонӣ, ҷосусӣ ва хиёнаткории хаёлпарастони мазҳабӣ, дигар ҷиноятҳои вазнин ва даҳшати солҳои сахти миллати тоҷик дида мешавад, ки сабабгори аслиаш аъзои ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҲНИ мебошанд. Илова бар ин, дар навори мазкур аъзои маҳкумшуда ва ё маҳбусии гурӯҳи мазкур як-як кирдорҳои содиркардаву амалкарди худ ва дигар аъзои онро бо далелҳои қотеъона иқрор намуда, сиру асрор ва фармонҳои роҳбарияти  ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом ва кирдорҳои ҳаммаслакони худро дар бесуботиҳои солҳои 90-уми кишвар ва идомаи кӯшишҳои дубораи онҳо дар ин шабу рӯз дар Тоҷикистонро ифшо карданд.

Яке аз нуқтаи муҳимми филми «Хиёнат», ки диққати тамошобинро ба худ бештар ҷалб намуд, намоиш ва ифшо намудани амалҳои ғайрибашарӣ ва ғайришариятии ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом, инчунин, таҳлили муқоисавии амалҳои зиддибашарии ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом бо «ДОИШ»  ва дигар созмонҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ мебошад. Ба ҳамагон аён гардид, ки амалҳои  ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом аз дигар ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ҳеҷ камбудӣ ва фарқияте надошта, монандиву алоқамандии зич дида мешавад. Маълум мешавад, ки амалҳои террористии онҳо аз ташкилотҳои дигари террористии байналмилалӣ бадтар ва пурваҳшатанд. Таҳлили ҳамокриҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом нишон медиҳад, ки он ҷузъи ҷудонашвандаи ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ба шумор рафта, мақсадашон бесуботии давлат аст.

Бояд қайд намуд, ки дар филми мазкур маълумоти пурраи шарҳи ҳолӣ, кирдорҳои ҷиноятӣ, одамфиребӣ, ҳилаву найранги гургонаи онҳо ба мардум,  амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқии роҳбарият ва ҳар як аъзои ТТЭ собиқ ҲНИ  намоиш дода шуда, чеҳраи аслии онҳоро мардуми тоҷик шинохтанд, ки онҳо кистанд ва чӣ хиёнате нобахшидани дар ҳақи миллати худ кардаанду  ва боз дар пайи бесубот кардани Тоҷикистонанд.

Яъне тавассути тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба ҳамагон муяссар гардид, ки ба амалҳои хунин ва  чеҳраи аслӣ, яъне «гургон дар пӯсти гусфандон»-ро бо ин ҳама корҳои зиште, ки ба сари миллат тоҷик дар солҳои 90-ум оварданд ва имрӯзҳо низ кӯшиши бесубот намудани вазъияти кишварро доранд, шиносоии амиқ пайдо намоянд, ки онҳо кистанд ва чӣ мақсадҳои нопокро барои миллати худ доранд?

                                                                                     Анвар ЮСУПОВ [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо