Кормандони шуъба омодаанд кумак намоянд

[:tj]Ҳамарўза ба Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе садҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои кор ба  Федератсияи Русия равонаанд, муроҷиат менамоянд.

Кормандони Шуъба аз як гиребон сар бароварда ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои санҷиши маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор ва патент дар Русия ва  оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия омадаанд маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Қариб ҳаррўз ба Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон аз гўшаю канори мамлакат муроҷиат намуда, ному насаби худро дар руйхати беруншудагони шаҳрвандони кишварамон, ки дар маҳзанаи иттилоотии Сарраёсати ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Русия (собиқ ФМС) ҳар рўза ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн  ба роҳ монда шудааст, пурсон мешаванд.

Бояд қайд намуд, шаҳрвандоне, ки қонунҳои будубоши кишвари Русияро вайрон намудаанд хориҷ карда шудаанд, ба мўҳлати аз се то панҷ сол ворид шудан ба ин давлат манъ аст.  Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрванди ҷумҳурӣ бе ягон асос аз қаламравӣ ин мамлакат аз тарафи сохторҳои дахлдори он берун карда мешаванд.

Айни замон кормандони Шуъба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ пурзур намуда, бо ҳар яки аз онҳо дар алоҳидагӣ сўҳбатҳо гузаронида маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Ба ғайр аз ин, ба онҳо  маводҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории  нави  Федератсияи  Русия  ройгон супорида  мешавад.

Мутаассифона, имрўзҳо қисми зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон омодагӣ ба Федератсияи Русия равона мегарданд, онҳо ба ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд ва ҳамзамон дар маҳзани маълумоти муваққтан манъшудагон дарҷ мегарданд. Баъд аз бозгашт, онҳо ҳуқуқи ба ин кишвар дубора ворид шуданро надоранд боиси нигаронист.

Аз ин лиҳоз, Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари Русия доранд, хоҳиш карда мешавад, ки аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР огаҳ бошанду, онро ба пуррагӣ риоя намоянд.

Муҳаммад Саидзода

мутахассиси Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо