Кормандон омодаанд кӯмак намоянд

        Аз рӯзе, ки парвозҳои мунтазам ба Федератсияи Россия иҷозат дода шуд, ба шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди шаҳрвандон муроҷиат намуда, оид ба вазъӣ имрӯзаи КОВИД-19, талаботҳои нави қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, қоидаҳои будубош ва тартиби гирифтани патент ба таври сода фаҳмонида мешавад.

         Бояд қайд кард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ миёни ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тақвияти маърифати муҳоҷирони меҳнатӣ, навигариҳо дар соҳаи қонунгузории кишвари Россия ҷараён гирифта, дар онҳо роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва гирифтани патент ба муҳоҷирони меҳнатие, ки рафтуомадашон ба Федератсияи Россия манъ гардидаасту  хоҳиши дар ташкилоту муассисаҳои пойтахт кор карданро доранд, мехоҳанд дар кишварҳои дигари будубош фаъолият намоянд ё ба соҳибкории хурду миёна ва касбомӯзӣ машғул шаванд, иттилооти мукаммал дода мешавад.

         Бо иқдомҳои наҷибонаи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил гардидааст. Ин барои барқарор намудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ, ки бар асари хуруҷи бемории сироятии COVID-19 муваққатан қатъ гардида буданд, шароити мусоид фароҳам меорад.

         Бори дигар таъкид менамоем, ки тибқи талабот, мусофирони интиқолшаванда бояд маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он набояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофироне, ки маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди «манфӣ»-и бемории сироятии COVID-19 надоранд, барои интиқол роҳ дода намешаванд.                                                                                    

Гулаҳмадов Шамшод
сармутахасиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ  ба
муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»
ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо