Коршиносони хориҷӣ ба муҳоҷирони тоҷик таваҷҷуҳ доранд

[:tj]8 феврал коршиносони хориҷӣ Радослав Кардас, Джана Костачи, Диана Хинку дар доираи чорабиниҳои якуми татбиқи лоиҳаи ҳамкорӣ бо «Migration EU eXpertise» (MIEUX) дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ  аз МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, дидан намуданд.

Дар ибтидо коршиносон аз фаъолияти Марказ аз наздик шинос шуданд. Директори муассиса муфассал дар бораи фаъолияти он ба меҳмонон маълумот дода, иброз намуданд, ки Марказ муассисаи машваратӣ буда, фаъолияташро дар самти ташкилу расонидани машварат, омодасозӣ ва мутобиқгардонии муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст.

Ҳадафи асосии Марказ – ин расонидани ёрии амалӣ тавассути курсҳои машваратию таълимӣ ва кўмаки ташкиливу молиявӣ ба муҳоҷирони ватанӣ дар ду марҳилаи муҳоҷирти меҳнатӣ мебошад: аввал пеш аз сафар – ташкили бақайдгирӣ, омўзондани забон, таърих, расму оин, фарҳанг ва қонунгузории давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин касбҳои зарурӣ, ҳамкорӣ бо литсейҳои касбӣ-техникии ҷумҳуриявӣ ва баъдан мусоидат барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии бозгашта ва воридашон мамнуъшуда дар дохили кишвар мебошад.

Коршиносони хориҷӣ дар синфхонаи Марказ ба чанде аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ мулоқоти судманд баргузор намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд. Аз ҷумла, оид ба фаъолияти корӣ дар кишвари Лаҳистон пурсон шуданд. Коршиноси лаҳистонӣ Радослав Кардас дар бораи будубоши муҳоҷирон дар кишвараш ба ҳозирин маълумот дод. Ў гуфт, ки мутаассифона, айни замон байни Ҷумҳурии Лаҳистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон созишномаи байнидавлатӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд надорад. Зимни суҳбат меҳмонон ба саволҳои сершумори ҷамъомадагон посухҳои мушаххас доданд.

Сипас, дар фарҷом коршиносони хориҷӣ ба кормандони масъули Марказ оид ба пешрафти кор маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки дар самти забон ва касбомўзии шаҳрвандон дар литсейҳои касбӣ-техникии ҷумҳуриявӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Чунки бо тақозои замон бе омўхтани забон ва касби муносиб дар бозори ҷаҳонии меҳнат соҳиби кор шудан душвор гардидааст.

Коршиносони хориҷӣ омодагии хешро баҳри тақвияти ҳамкориҳо бо МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе баён намуданд.

                                                                                        Анвар Юсупов

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо