Корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Варзоб

          Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳия гурӯҳи кории таблиғотиву ташвиқотӣ таъсис дода, кормандони бахш бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳия,  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни сокинони ноҳия бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати тадбирҳои иловагӣ оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бемории нави COVID-19, муҳтавои матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои қабулкунанда, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, оид ба пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, муқовимат бо коррупсия, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, оид ба маърифати истифодаи нерӯи барқ,  самаранок истифода бурдани замин дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳамарӯза корҳои таблиғотӣ идома дошта, масъалагузорӣ карда мешавад.

          Инчунин, дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сокинони ноҳия ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, аз ин ҳисоб на танҳо эҳтиёҷоти оилаи худро, балки даромади пулӣ ҳам ба даст меоранд. Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.

          Зикр кардан ба маврид аст, ки иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, ҷиҳати гиромӣ доштан ва ҳимоя кардани истиқлолу озодии давлати тоҷикон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, амалӣ намудани корҳои ободонӣ ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо мақомоти иҷроия тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.

          Қобили қайд аст, ки ба шаҳрвандон оид ба қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия маълумоти кофӣ дода шуда, аз ҷониби бахши Хадамот дар ноҳия маводҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар самтҳои гуногун дастрас карда мешавад.

          Ҳамзамон, дар бораи тамдиди чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия дар давраи пандемияи ҳамагири COVID-19, ки бо фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 декабри соли 2020, №791 оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд дар бахши Хадамоти муҳоҷират мавриди омӯзиш қарор дода, дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия варақаҳои иттилоотӣ дар самти мазкур тариқи раисони кумитаҳои маҳаллаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эъломияҳо насб карда шуда, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ноҳия идома дорад.

Орифҷон Олимзода
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо