Корҳои таблиғотӣ дар ҷамоатҳои деҳотӣ Лучоб ва Чорбоғ

[:tj] 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб якҷоя бо кормандони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Лучоб ва Чорбоғ ва деҳаҳои Костарош, Ҷангалак бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати паҳншавии  мавҷи  дуюми  бемории  сироятии «Коронавирус» корҳои таблиғотӣ ва иттиллоотиро хуб ба роҳ монданд.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, ҳамзамон вобаста ба гардиши хона ба хона аз ҷониби кормандони ҷамоати шаҳраки Такоб якҷоя бо кормандони маркази саломатии деҳотии Такоб байни аҳолӣ, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат ҳамарӯза суҳбатҳо гузаронида, корҳоро дар ин самт идома дорад.

Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия охири моҳи октябри соли ҷорӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ маводҳои безараргардонӣ харидори карда шуд.

Бахш ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб чораҳои самарабахш меандешад.

 

                                                    Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                               дар ноҳияи Варзоб

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо