Корҳои фаҳмондадиҳии сарироҳӣ тақвият меёбад

[:tj] 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ дар давраи паҳншавии бемории “Коронавирус”  усули дигари корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монд, ки имрӯзҳо натиҷаи хуб дода истодааст. Дар ин бора мудири бахш Баҳрулло Ғайбуллоев чунин мегӯяд:

-Бо назардошти вазъият ва ба хотири сироят наёфтан аз ин беморӣ ҳоло аксари одамон дар манзили худ қарор доранд ва ба берун камтар мебароянд. Ин ҳолат махсусан дар деҳот бисёр ба мушоҳида мерасад. Чунин вазъият имкон намедиҳад, ки теъдоди бештари шаҳрвандон дар ягон толор ҷамъ оварда, мулоқот ташкил карда шавад. Аз ин сабаб мо усули фаҳмондадиҳии сарироҳиро пеш гирифтем. Яъне дар сари роҳҳои калон, ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди шаҳрвандон ҳозир шуда, ба ҳар нафари роҳгузар оид ба роҳҳои пешгирии сироят наёфтан ба бемории мазкур ва мубориза бо он маълумот дода, маводҳои чопии ташвиқотию тарғиботӣ дастрас менамоем.

Ба вазъият нигоҳ карда, вобаста ба муқовимат бо терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати бехатар ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати дохилию экологӣ ҳам корбарӣ менамоем.

Ҳамин гуна мулоқотҳои сарироҳии маърифатӣ то имрӯз ба ғайр аз бари шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чанок ва Айнӣ – Панҷакент дар деҳоти Айнӣ, Путхин, Сангистон, Вешаб, Дардар ва Рарз доир гардиданд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо