Корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус»

[:tj] 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он, беморхонаи марказии ноҳиявӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ бо омода намудани маводҳои марбутаи иттилоотӣ шиору овезаҳо дар сохторҳои корӣ ва ҳудуди ноҳияи Варзоб чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

 

Айни замон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Ситод оид ба ташкили корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» таъсис дода шуд.

Дар ин замина, дар ҳуҷраи кории бахши Хадамоти муҳоҷират ва утоқҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва сохторҳои он овезаҳо бо тафсири омилҳои пешгирикунандаи хавфҳои эҳтимолии эпидемияи мазкур гузошта шудаанд.

Аз тарафи беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар утоқҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ва сохторҳои он ва дар маркази ҷамоатҳо бахусус ҷойҳои серодам шиору овезаҳо бо теъдоди 200 адад насб карда шуданд.

Бояд қайд кард, ки аз 14-уми феврали соли равон то имрӯз 107 нафар шаҳрвандони хориҷиву ватанӣ, ки аз Ҷумҳурии халқии Хитой ба Ватан баргаштанд дар беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ  ва муддати 14 рӯз нигоҳ дошта шуда, зери назорати қатъии доимӣ қарор гирифтанд аз ин теъдод бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст.

 

                                                                        Орифҷон Олимзода

                                                       мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                  дар ноҳияи Варзоб                                 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо