Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд

[:tj] 

Моҳи дуюм аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои дини вилоят дар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои иттиллоотӣ – маърифатӣ доир шуда истодаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур давоми нимсолаи аввали соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаи вилоят 350 адад мулоқот бо шаҳрвандон доир мегардад. Мавзӯи асосии чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ асосан муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо экстремизму терроризм буда, дар рафти онҳо ҳамчунин масоили пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО, коррупсия, одамрабоиву одамфурӯшӣ, истифодаи навъҳои бадтарини меҳнати кӯдак, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, муҳоҷирати бехатар ва ғайра мавриди баррасии васеъ қарор мегиранд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи Раёсат ва сохторҳои зертобеи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар самти мазкур шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи пешқадамҳо мебошад. Чорабиниҳои иттилоотию маърифатии охирини гузаронидаи шуъба дар муассисаҳои таълимии «19 ва №5 бо фарогирии хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорони онҳо ва сокинони маҳаллаҳои Содирхони Ҳофиз, Ҷаббор Расулов, Сари Баландӣ, Тиллокорон, Сайҳун, Сирдарё, Мевағул ва Темурмалик ҷараён гирифтанд. Ҳамагӣ дар ин 2 чорабинӣ 207 нафар иштирок намуда, суханронии намояндагони Хадамоти муҳоҷират, мақомоти амнияти милливу корҳои дохилӣ ва ходимони динро шуниданд. Маърӯзачиён ҳамчунин ба саволҳои иштирокчиён посух доданд. Аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират даор шаҳри Хуҷанд ба аҳли толор маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ дастрас гардид.

Дар умум, 6 чорабинии иттилоотию маърифатии давоми моҳҳои феврал ва март доир намудаи шуъба 807 нафар иштирокчиёнро баҳам овард.

 

                                                              Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар вилояти Суғд

 

 

 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо