Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маром идома дорад

Кормандони шуъбаву бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Норак ва ноҳияҳои Варзоб, Восеъ, Шаҳринав  дар ҷойҳои таҷамӯъи одамон, бозорҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва мактабҳо баромада масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷиронро ба аҳолӣ фаҳмониданд.

Ҳамчунин, кормандони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирон» дар шаҳри Душанбе дар маконҳҳои таҷамӯи одамон ва кӯчаҳои шаҳр корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар баробари баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамзамон, маводҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ тақсим намуданд ва ба саволҳои шаҳрвандон посух гардонданд.

Ҳамзамон, ба иттилои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки айни замон дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун фаъолияти худро ба расмият надаровардаанд ва дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, расонида мешавад, ки бояд ба шуъбаҳои ноҳиявии муҳоҷиратӣ дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва муҳлати будубоши худро дар Россия тамдид намоянд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо