Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ

[:tj] 

Бо мақсади расонидани маълумоти дақиқ ва пешгирии ба вуқӯъ омадани нофаҳмиҳо ҳангоми барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, бахусус дар шароити анҷоми маҳдудиятҳо марбут ба пешгирии паҳншавии сирояти «Коронавирус» аз чониби Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия миёни муҳоҷирони меҳнатӣ силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро амалӣ менамояд.

Дар вохӯрие, ки 11 июни соли равон дар маҳалли сохтмонӣ, воқеъ дар ҳудуди шаҳри Троитски вилояти Москва баргузор гардид, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик масъалаҳо вобаста ба навгониҳои қонунгузории федералӣ оид ба будубош ва фаъолияти меҳнатӣ, риояи талаботҳои зиддиэпидемикӣ байни муҳоҷирон ва эҳтиёткорӣ аз шахсони қаллоб, ки бо фурӯши чиптаҳои қалбакӣ машғуланд, баррасӣ шуданд.

Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар ташкилоти сохтмонии ҶДММ «РСК», ки ба сохтмони анборҳои калонҳаҷм машғул аст, бештар аз 50 нафар шаҳрвандони тоҷик фаъолият доранд.

Дар тафовут ба дигар соҳаҳо бо сабабҳои маҳдудиятҳои зиддиэпидемикӣ кор дар иншооти мазкур қатъ нагашта буд ва ҳамватанони мо бо риояи талаботҳои пешгирии бемории Ковид-19 фаъолият доштанд. Хушбахтона, то ин муддат ягон нафар аз шаҳрвандони мо ба ин беморӣ сироят нашудаанд.

Дар ҳамоиш, ҳамчунин ба ҳамватанон роҷеъ ба татбиқи таътили андози патенти корӣ, ки тибқи фармони дахлдори Президенти ФР аз 15 март то 15 июн ҷорӣ идома меёбад, маълумот дода шуд, ки мувофиқи он, баъди 15 июн дар сурати ба анҷом расидани муҳлати патент, шаҳрвандон метавонанд, бидуни убури сарҳад аз нав барои ба расмият даровардани патенти нав ба марказҳои муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Ҷиҳати тамдиди муҳлати бақайдгирӣ, яъне регистратсия низ иттилоъ дода шуд, ки баъди 15 июн муҳоҷирон метавонанд бо ҳамроҳии ҷониби қабулкунанда ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати маҳалли иқомташон рафта, санади будубошашонро тамдид кунанд.

Дар робита ба масъалаи бозгашт ба ватан, ба самъи муҳоҷирон расонида шуд, ки айни замон ба ягон намуди нақлиёт, аз ҷумла ҳавопаймо, қатора, мусофирбар иҷозати расмӣ дода нашудааст ва ҳамватанон набояд ба пешниҳодҳои бархе аз шахсони қаллоб, ки вақтҳои охир тавассути шабакаҳои интернетӣ ваъдаҳои беасос дода, чиптаҳои қалбакӣ мефурӯшанд, бовар накунанд.

Оғози алоқаҳои нақлиётӣ ва кушода шудани роҳҳо байни Тоҷикистону Россия ва дигар давлатҳо тавассути манбаҳои расмӣ хабар дода мешавад. Ва он гоҳ хоҳишмандон метавонанд чиптаҳоро харидорӣ намуда, ба сафар бароянд.

                                         Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

                                        шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо