Кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони Хонаи кўдакон

[:tj] 

         30 декабр Роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Хадамоти муҳоҷират бо пуштибони аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми соли нав  ба Хонаи кўдакони сини томактабии №1 шаҳри Душанбе ташриф оварда, туҳфаҳои солинавиро тақдим намуданд. 

Тавре раиси иттифоқи касабаи Хадамоти муҳоҷират Аслишо Нодиршоев арз намуд, ба тарбиятгирандагони ин даргоҳи таълими дастархони солинави афрохта, инчунин ба онҳо туҳфаҳои солинавиро, ки аз хўрока ва шириниҳо иборат буд, тақдим карданд, онҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 муборакбод гуфтанд.

Алҳол дар ин муассиса 65 нафар кўдакони сини томактаби ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Кўдакон таҳти парастории 64 нафар омўзгорону мураббияҳои соҳибтахассус таълим мегиранд.

                                                                                       Хадамоти муҳоҷират [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо