МАРОСИМИ БАИМЗОРАСОНИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШДИ СИЁСАТИ МУҲОҶИРАТ

[:tj] 

 

25 сентябри соли ҷорӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират ба имзо расид.

Зимни ба имзо расонидани санади мазкур, Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Михаел Шпиделеггер, Директори генералии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) зикр намуданд, ки Ёддошти мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Вазорат ва Маркази мазкур дар самти муҳоҷират заминаи мусоид мегузорад.

Тибқи Ёддошти тафоҳуми зикршуда, баргузории як қатор чорабиниҳо барои самаранокии идоракунии муҳоҷират, такмили минбаъдаи сиёсати миллии муҳоҷират, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафари онҳо ба хориҷи кишвар ва баъди бозгашт ба Ватан, баргузор намудани семинарҳои омӯзишию тренингҳо барои  кормандони  сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал оид ба баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти муҳоҷират, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти муҳоҷират, ташкили машварату ҷамъомадҳои сайёр дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ, омӯзиши қонунгузории давлатҳои қабулкунанда ҷиҳати ба роҳ мондани муҳоҷирати қонунӣ, пешбинӣ мегардад.

Инчунин, дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур, аз ҷониби Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (МБРСМ) оид ба ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, Маркази захираҳои муҳоҷират дар шаҳри Душанбе (Migrant Recourse Centre) таъсис дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки МБРСМ ҳамчун ташкилоти махсуси байналмилалӣ 1 майи соли 1993 дар шаҳри Вена таъсис ёфта, айни ҳол зиёда аз 50 давлати Аврупо ва кишварҳои Роҳи абрешим, инчунин 10 ташкилоти байналмилалӣ иштирокчиёни он мебошанд.  Фаъолияти МБРСМ  ба таҳияи системаҳои ҳамаҷониба  барои  таъмини муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ дар кишварҳои аъзо  равона шуда, он бунёди дарозмуддати ҳамкории шарикиро дар ин самт бо кишварҳои Аврупо ва давлатҳои Роҳи абрешим амалӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз соли 2003 инҷониб ба Маркази байналмилалии мазкур шомил гардида, намояндагони сатҳи гуногуни соҳаи муҳоҷирати ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳо ва дигар чорабиниҳои он фаъолона иштирок кардаанд, ки ба рушди таҳияи сиёсати муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

                                                        Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли

                                                                       аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо