МАШВАРАТИ КОРИИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОВАЗОРАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ОИД БА МУҲОҶИРАТН БО РОҲБАРИЯТ ВА ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ НАМОЯНДАГИИ

[:tj] 

 

7 апрели соли 2020 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода  бо робарият ва ҳайати кормандони намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тариқи  алоқаи интернетии скайп машварати  корӣ баргузор намуд.

Зимни  машварати корӣ аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволже, Сибир, Ҷануб ва Шимолу Ғарби Федератсияи Россия, шаҳрҳои Москва ва Санкт- Петербург  роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия ба вазир ҳисобот доданд.  Зикр гардид, ки бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Федератсияи Россия ва ҷорӣ гардидани карантин дар ин кишвар ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва бозорҳо дар аксар шаҳрҳои калони ин давлат бахусус Москва ва Санкт – Петербург, ки ҳиссаи бештари муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо рост меояд, муваққатан то 30 апрели соли ҷорӣ аз фаъолият бозмонданд. Омили мазкур боиси эҷоди мушкилотҳо дар фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат, аз ҷумла тамдиди муҳлати будубош, патент ва бокортаъминшавии онҳо гардидааст.

Вобаста ба ин дар асоси супориши вазир дар намояндагӣ ситоди корӣ ва навбатдории доимӣ таъсис дода шуда, кормандон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар ҳамдастӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар ин давлат мунтазам кор бурда истодаанд.

Дар интиҳои машварати корӣ бо назардошти таҳлилу баррасии вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия, вазир барои  ҳалли мушкилоти мавҷуда ба кормандони Намояндагӣ супоришҳои мушаххас доданд.

                                              Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии 

                                                                                     Ҷумҳурии Тоҷикистон[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо