Мақсад баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии кормандони Хадамот

[:tj]14 ноябр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии кормандон аз оқибатҳои сўистеъмоли маводи нашъадор, пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва бемориҳои марбут ба он ҳамоиш баргузор гардид.

Вохўрии мазкур бо иқдоми Муассисаи давлатии «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтомоии аҳолии ҶТ доир гашта, дар он кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ширкат доштанд.

Зимни баромади хеш сардори Шуъбаи пешгирии нашъамандӣ МД  «Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтомоии аҳолии ҶТ М. Холов ба иштирокчиён оид ба бемории нашъамандӣ, омилҳои гирифторӣ ба ин бемории марговар ва оқибатҳои тиббиву иҷтимоии он маълумоти муфассал дод.

Ба андешаи иштирокдорон, баргузории  чунин вохӯрӣ муфид ва саривақтӣ буда, корҳои  таблиғотиро дар инҷода пурзур намудан лозим аст вагарна оқибатҳои он ба нобуд гардидани генофонди миллӣ оварда мерасонад. Аз ин рў, мебояд ҳамаи аҳли ҷомеа дар мубориза бар зидди нашъамандӣ ширкат варзанд ва аз ҳама роҳу воситаҳои имконпазир  истифода баранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуда буданд, ки «мо на як бору ду бор изҳор доштаем, ки даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Ҳамзамон бо ин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, ба генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд».

Баромадкунандагон оид ба ҷанбаҳои тарбияи ҷавонон, натиҷаҳои таҳияи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017”, масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, қонунвайронкунии маъмурӣ ва пешгирии нашъамандӣ сухан намуданд.

  •                                                             Анвар Юсупов
  •                                                 хабарнигори рўзнома
  •                                                   «Шуғл ва муҳоҷират»

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо