Мақсад: пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил

[:tj] 

 

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт ва Мастчоҳи вилояти Суғд дар доираи татбиқи лоиҳаи ташкилоти байналмилалии ЮСАЙД «Аз байн бурдани бемории сил дар минтақаи Осиёи Марказӣ як силсила корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монд.

Аз ҷумла ба чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар мавзӯи «Бемории сил ва пешгирии он» 129 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин дар рафти гузаронидани пурсиши афкор оид ба ошкор намудани нишонаҳои бемории сил 363 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ фаро гирифта шуданд.

Дар ин радиф барои муайян кардани бемории мазкур 80 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз ташхиси ройгони тиббӣ гузаронида шуданд. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ ва ташхиси тиббӣ дар 9 нафар муҳоҷири меҳнатӣ аломатҳои бемории сил ошкор гардид. Ҳамаи онҳо ба қайди тиббӣ ва бо табобати амбулаторию статсионарӣ фаро гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ташхиси бемории сил бо усулҳои замонавӣ, тариқи тестҳо ба роҳ мондда шуда, барои муайян намудани нишонаҳои беморӣ ҳамагӣ чанд дақиқа кофӣ аст.

 

                                                                 Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                    дар вилояти Суғд

                                                 [:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо