Мақсад пурзўр намудани чораҳои зидиэпидемиявӣ

[:tj] 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, МНДСЭ, шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ, аъзои ҲХДТ гурўҳҳои корӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли бемориҳои сироятии роҳҳои нафас дар роҳравҳо, истгоҳҳо, муассисаю ташкилот, мағозаю бозор, ошхона, тарабхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, нақлиёти ҷамъиятӣ, корхонаҳои саноатӣ ва хонаҳои истиқоматӣ таъсис дода шуд.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷират иттилоъ дод, гурўҳҳои корӣ бобати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бе ниқоб гаштугузор накардан, риоя намудани масофа ва қоидаҳои гигиению санитарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва баҳри риояи меъёрҳои муқарраргардида, оид ба баргузории тўю маъракаҳо ҳамарўза корбарӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин, дар вохўриҳо бо сокинони шаҳру ноҳияи Ваҳдат, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия ва тағйироту иловаҳо дар қонунгузории федералӣ оид бақайдгирии муҳоҷирони хориҷӣ, шарҳу тавзеҳи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм, паҳншавии эҳтимолии вируси сироятии “Коронавирус” (COVID-19) ва ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), роҳои пешгирӣ ва безараргардонии онро хуб ба роҳ мондааст.

 

Фаъолият дар ин самт идома дорад.

                                                                                  Р.Ҳалимзода

                                                          мутахассиси бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Ваҳдат

[:]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо